Сенаторҳои Амрико хостаанд, Тоҷикистон аз рӯйхати “қонуни Ҷексон Вэника” берун карда шавад

Ду сенатори Амрико – Крис Мёрфи, аз ҳизби демократ ва Тодд Янг, аз ҳизби ҷумҳурихоҳ пешниҳод кардаанд, ки “қонуни Ҷексона Вэника” алайҳи Тоҷикистон ва боз ду кишвари минтақа – Ӯзбекистон ва Қазоқистон бекор карда шавад, зеро он кӯҳна шуда, барои рушди тиҷорату савдо монеа эҷод мекунад. Ба ақидаи ин сенаторон вақти бекор кардани қонуни мазкур […]

Маҳина Маҳмудова, махсус барои "Asia-Plus"

Ду сенатори Амрико – Крис Мёрфи, аз ҳизби демократ ва Тодд Янг, аз ҳизби ҷумҳурихоҳ пешниҳод кардаанд, ки “қонуни Ҷексона Вэника” алайҳи Тоҷикистон ва боз ду кишвари минтақа – Ӯзбекистон ва Қазоқистон бекор карда шавад, зеро он кӯҳна шуда, барои рушди тиҷорату савдо монеа эҷод мекунад.

Ба ақидаи ин сенаторон вақти бекор кардани қонуни мазкур фаро расидааст ва ин иқдом метавонад барои тавсеаи савдо миёни ИМА ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат кунад. Дар ин бора 7-уми сентябри соли 2023 нашрияи The Diplomat иттилоъ дод.

Бояд гуфт, “қонуни Ҷексона Вэника“ соли 1974 қабул шуда, он нисбати баъзе давлатҳое, ки монеи муҳоҷират, махсусан хуруҷи яҳудиён аз қаламрави худ шудаанд, маҳдудияти тиҷоратӣ ҷорӣ мекунад.

Маҳз ҳамин қонун яке аз садҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дониста мешавад ва он то ҳол нисбати 4 давлати минтақа амал мекунад. Туркманистон аз он рӯйхат хориҷ шудааст.

Ҳамакнун, бо гузашти қариб 50 сол сенаторҳои амрикоӣ пешниҳод доранд, ки ин қонун алайҳи се кишвари дигари минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ бекор карда шавад.

Қаблан, моҳи марти соли ҷорӣ, дар пайи сафари Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба Қазоқистон ва Ӯзбакистон, зеркумитаи мубориза бо терроризм ва равобити хориҷии Сенат оид ба Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ шаҳодати ёвари Блинкен оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу ва оид ба захираҳои энергетикӣ Ҷеффри Пайетро шунид.

Крис Мёрфи ба шаҳодати Доналд Лу дар назди Кумитаи корҳои хориҷии палатаи поёнии Конгресс дар моҳи сентябри соли 2022 ишора кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки масъалаи Ҷексон-Вэник дар ҳар мулоқот бо ҳамтоёни Блинкен дар Осиёи Марказӣ матраҳ шудааст.

“Ин воқеан эътимоди байни кишварҳои моро коҳиш медиҳад”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.