Даргузашти аввалин вазири дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Тошканд

Александр Владимирович Шишлянников, генерал майори мустаъфӣ, аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  солҳои охир дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мезист, 15-уми сентябри соли ҷорӣ, дар синни 73-солагӣ даргузашт. Дар ин бора сомонаи vesti.uz иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, Шишлянников пас аз беморӣ даргузаштааст, аммо аз бемории ӯ ном гирифта намешавад. Бояд гуфт, ки Александр […]

Asia-Plus

Александр Владимирович Шишлянников, генерал майори мустаъфӣ, аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  солҳои охир дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мезист, 15-уми сентябри соли ҷорӣ, дар синни 73-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора сомонаи vesti.uz иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Шишлянников пас аз беморӣ даргузаштааст, аммо аз бемории ӯ ном гирифта намешавад.

Бояд гуфт, ки Александр Шишлянников моҳи январи соли 1993 ба мақоми вазири дифои Тоҷикистон таъйин гардида, моҳи апрели соли 1995 аз вазифа озод шудааст. Ба ҷойи ӯ Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон таъин гардидааст.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Душанбе аз Шишлянников ёдовар шуда, гуфта буд: “Ман худам дар тамрингоҳ, дар хаймаҳо артиши миллӣ таъсис додам. Мо қувваҳои мусаллаҳ надоштем, вазири мудофиа надоштем, генералу сарбозон надоштем. Мо аз давлати дигар беш аз 200 афсар хоҳиш кардем. Ва ман аз байни онҳо полковник Шишлянниковро интихоб намуда, вазири мудофиа таъин кардам”.

Александр Шишлянников 3 ноябри соли 1950 дар Тошканд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби олии фармондеҳии танкии Тошканд дар соли 1971 дар қисмҳои Фармондеҳии марказии ҳарбӣ дар Чехословакия ва фармондеҳии ҳарбии ғарбӣ дар Олмон хидмат кардааст.

Генерал Шишлянников дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон низ чандин сол кар кардааст. Муаллифи зиёда аз 70 асари илмию методӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.