Дар Тоҷикистон тангаҳои намунаи нав ба муомилот бароварда шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2023 бо арзиши 20, 50 дирам ва 1, 3, 5 сомониро ба муомилот баровард. Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, қарори дахлдори Раёсати БМТ дар ин бора ҳафтаи гузашта қабул шудааст. Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур муқаррар карда шудааст, ки ин тангаҳо дар қатори тангаҳои гардишии […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2023 бо арзиши 20, 50 дирам ва 1, 3, 5 сомониро ба муомилот баровард.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, қарори дахлдори Раёсати БМТ дар ин бора ҳафтаи гузашта қабул шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур муқаррар карда шудааст, ки ин тангаҳо дар қатори тангаҳои гардишии БМТ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки БМТ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

Ёдрас мекунем, ки пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба ҷойи рубли тоҷикӣ, ки аз моҳи майи соли 1995 амал мекард, ба муомилот бароварда шуд.

Ҳамчунин тангаҳои силсилаи 2001-2006, ки соли 2011 тайёр шуда, 2 феврали соли 2013 ва инчнуин 1 июли соли 2022 расман ба гардиш бароварда шуданд, мавриди додугирифт қарор доранд.

Ҳамчунин пулҳои коғазии арзишашон 1 (як), 3 (се), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 50 (панҷоҳ), 100 (сад), 200 (дусад) ва 500 (панҷсад) сомонии тоҷикӣ низ ба муомилот бароварда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.