Муттаҳам ба ҳамлаи зиёратгоҳи Шаҳчароғи Эрон ба ҳукми қатл маҳкум гардидааст

Раҳматулло Наврӯзов, муттаҳам дар ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, ки аз ӯ мақомоти Эрон чун шаҳрванди Тоҷикистон ёдовар мешаванд, ба ҳукми қатл маҳкум шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Мизон”, марбут ба Додгоҳи Эрон хабар медиҳад. Ин расона аз қавли Козим Мусавӣ, масъули Додситонии вилояти Форс навиштааст, ки Раҳматулло Наврӯзов бо лақаби “Мустафо Исломёр” […]

Asia-Plus

Раҳматулло Наврӯзов, муттаҳам дар ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, ки аз ӯ мақомоти Эрон чун шаҳрванди Тоҷикистон ёдовар мешаванд, ба ҳукми қатл маҳкум шудааст.

Дар ин бора хабаргузории “Мизон”, марбут ба Додгоҳи Эрон хабар медиҳад.

Ин расона аз қавли Козим Мусавӣ, масъули Додситонии вилояти Форс навиштааст, ки Раҳматулло Наврӯзов бо лақаби “Мустафо Исломёр” ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз гунаҳкор ва “ба ду бор эъдом маҳкум гардид”.

Ин нафар гуфтааст, муттаҳам “ба узвият ва ҳамкорӣ бо гуруҳи ДОИШ иқрор шудааст”.

Ҳамчунин, ба навиштаи ин расона, чанд нафари дигар дар робита ба ин ҳодиса ба панҷ соли ҳабс маҳкум шуданд. Онҳо шахсоне будаанд, ки ба қавли Козим Мусавӣ “аз нияти омили аслии ҳамла хабар надоштанд”.

Мақомоти Тоҷикистон ва пайвандони муттаҳам то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд.

Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Меҳр” навишт, ки дар мурофиаи аввал худи Раҳматулло Наврӯзов бозпурсӣ шудааст ва ӯ гуфтааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДИИШ пайвастааст. Вай аз Туркия ба таври ғайриқонунӣ вориди Эрон шуда, сипас ба Покистон ва аз онҷо ба Афғонистон рафтааст. Дар ин кишвар дар як урдугоҳи ҷангҷӯён тамрини низомӣ кардааст.

 “Пас аз хатми тамриноти низомӣ ӯро ба Эрон фиристоданд ва муддате дар хонае дар паҳлӯи масҷиди Шоҳчароғ зиндагӣ кардааст.  Мубаллиғони ДОИШ ба ӯ дастур додаанд, ки масҷидро оташ зада, намозгузоронро парронанд. Ӯ бо бензин ба масҷид омадааст, вале пеш аз оташ задани қолинҳо боздошт шудааст”, – навиштааст хабаргузории “Меҳр”.

Он замон расонаҳои эронӣ навишта буданд, ки ҳамлагар пас аз он ки 11 тир холӣ кард, боздошт шудааст. Дар натиҷа ду нафар кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба навиштаи ин расонаи эронӣ, Наврӯзов гуфтааст, ки “ман гумон надоштам, ки маро дастгир мекунанд, гумон доштам, ки маро мекушанд. Ман теъдоди одамонеро, ки ба ҳадаф гирифта будам, ҳисоб накардам, ниятам то анҷоми тирдон идома додани амалиёт буд…”.

Бояд гуфт, ки ДИИШ масъулияти ҳамла дар Шерозро бар ӯҳда гирифт ва онро интиқом барои эъдоми ду ҷангҷӯи худ, ки барои ҳамлаи қаблӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғ дар 26-уми октябри соли 2022 ба эъдом маҳкум шуда буданд, номид. Дар ҳамлаи аввал 13 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд. Ду нафаре, ки дар ин ҳамла даст доштанд, як моҳ пеш эъдом шуда буданд.

Баъдан хабар расид, ки фарде, ки оташ кушодааст, зодаи Тоҷикистон Комрони Субҳон бо лақаби “Абу Оиша” будааст. Ӯ 23-сола буд. Пас аз чанд рӯзи боздошт Комрони Субҳон бар асари захмҳои бардоштааш дар бемористони Шероз даргузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.