Санаи дақиқи оғози сабти ном барои “Green Card” эълон шуд

Аз 4-уми октябр то 7-уми ноябри соли равон сабти ном барои иштирок дар лотереяи “Green Card”-и Амрико оғоз мешавад, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон. Манбаъ гуфт, “иштирок дар барномаи Грин Корт – #DV2025, барои шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони пасти муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳида доранд, аз 4 октябр то 7 ноябри соли 2023 қабул карда […]

Asia-Plus

Аз 4-уми октябр то 7-уми ноябри соли равон сабти ном барои иштирок дар лотереяи “Green Card”-и Амрико оғоз мешавад, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Манбаъ гуфт, “иштирок дар барномаи Грин Корт – #DV2025, барои шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони пасти муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳида доранд, аз 4 октябр то 7 ноябри соли 2023 қабул карда мешавад”.

Ин ниҳоди дипломатӣ афзудааст, ки дархостҳоро танҳо тавассути сомонаи www.dvprogram.state.gov пешниҳод кардан мумкин аст.

“Дастурро барои иштирок дар барномаи Грин Корт метавонед аз пайванди зерин www.travel.state.gov/dv пайдо кунед”, – зикр мекунад ин ниҳод.

Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Барномаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико яке аз имкониятҳои хуб барои тоҷикон аст, ки ба ин кишвар сафар кунанд ва бо ин мақсад ҳамасола ҳазорҳо тоҷикистонӣ дар “Green Card” бахти худро месанҷанд.

Аз ҷумла, соли равон аз Тоҷикистон 3 ҳазору 580 нафар барандаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта қариб 1 ҳазору 100 нафар ва назар ба 5 соли пеш қариб 2,2 ҳазор нафар бештар мебошад.

Соли гузашта ИМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар супоридани корти сабз чанд сабукӣ дод. Аз ҷумла, соли гузашта тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар лотерея иштирок кунанд. Қаблан барои пешниҳоди дархост доштани шиносномаи хориҷӣ зарур буд.

Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли гузашта ба шаҳрвандони Тоҷикистон дигар лозим нест, ки дар сурати бурд барои дарёфти раводид (виза) ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ раванд. Онҳо раводиди ИМА-ро дар сафорати ин кишвар дар Душанбе гирифта метавонанд. Пеш барои гирифтани раводид шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба Қазоқистон рафта, онро дар сафорати ИМА дар Алмато дастрас мекарданд.

Дар асоси талботи мавҷуда дарёфти корти сабз ҳанӯз кафолати пурраи ба даст овардани раводид ё визаи ИМА нест. Қадами дуввум ин аст, ки ғолиб ба консулгарии ин кишвар даъват мегардад ва ҳама маълумоте, ки ӯ дар барнома ворид кардааст, санҷида ва чанд қадами дигарро тай мекунад.

Ҳамасола даҳҳо нафар барои нодуруст пур кардани аризаи электронӣ ё дигар камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳо аз рафтан ба Амрико маҳрум мешаванд.

Ҳар сол Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50 000 раводиди иқомати доимӣ (грин-корт – корти сабз) медиҳад.

Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз саросари дунё дар ин барнома иштирок мекунанд.

Аз  матлаби таҳиянамудаи мо шумо дар бораи чӣ гуна, дар куҷо ва бо сафри чӣ қадар маблағ пур кардани “Green Card” маълумоти муфид пайдо карда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст