Панҷумин ҷоизаи намоишномаи “Табиби паррон” дар Эрон

Date:

Намоишномаи “Табиби паррон” бори панҷум ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии “Оини суннатии театрҳои миллӣ”-ро дар Эрон ба даст овард. Дар ин бора Сӯҳроб Шехов, саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камолӣ Хуҷандӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ин ҷашнвора аз 29-уми сентябр то 3-юми октябр бо ҳузури меҳмонон аз кишварҳои хориҷа дар шаҳри Гургони вилояти Гулистони Эрон баргузор шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тоҷикистонро дар ҷашнвора бо намишномаи “Табиби паррон” гурӯҳи эҷодии Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Хуҷанд намояндагӣ карданд. Ба қавли Сӯҳроб Шехов, ин намоишнома дар Эрон бисёр гарм истиқбол шуд.

Сӯҳроб Шехов гуфт, дар ин ҷашнвора 24 театр бо намоишномаҳои гуногун ширкат варзиданд, ки аз он се театри кишварҳои хориҷӣ буд: Тоҷикистон, Арманистон ва Чин.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маросими супурдани ҷоиза дирӯз, 5-уми октябр баргузор шуд.

“Намоишномаи “Табиби паррон” бо ҷоизаи махссуси ҷашнвораи “Оини суннатии театрҳои миллӣ” дар Эрон қадрдонӣ шуд. Ба ҳунармандон низ диплому сипоснома тақдим гашт”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба таъкиди Шехов, намоишномаи “Табиби паррон” аз рӯи асари драманависи фаронсавӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, ҳунармандони тоҷик онро дар қолаби анъанаҳои миллӣ рӯйи саҳна гузоштаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Аз ҷумла, номи қаҳрамонҳо, сару либоси ҳунармандон ва ҳатто саҳнаҳо бо садои доира банду баст мегардад, ки сирф тоҷикона аст”, – иброз дошт саркоргардони театр.

“Табиби паррон” рамзӣ буда, ишқи ду ҷавон ва найрангҳои як сарватмандеро, ки барои якҷо шудани онҳо монеъ мешавад, тасвир мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки ин панҷумин ҷоизаи намоишномаи “Табиби паррон” аст. Аз ин пеш намоишномаи мазкур дар ҷашнвораҳои Қазон дар Русия (2019), Актаваи Қазоқистон (2019), Смоленски Русия (2022, ду ҷоиза) ва Алмаатои Қазоқистон (2022) ба ҷоиза сазовор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...