Панҷумин ҷоизаи намоишномаи “Табиби паррон” дар Эрон

Намоишномаи “Табиби паррон” бори панҷум ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии “Оини суннатии театрҳои миллӣ”-ро дар Эрон ба даст овард. Дар ин бора Сӯҳроб Шехов, саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камолӣ Хуҷандӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ин ҷашнвора аз 29-уми сентябр то 3-юми октябр бо ҳузури меҳмонон аз кишварҳои хориҷа дар шаҳри Гургони вилояти Гулистони Эрон баргузор […]

Намоишномаи “Табиби паррон” бори панҷум ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии “Оини суннатии театрҳои миллӣ”-ро дар Эрон ба даст овард. Дар ин бора Сӯҳроб Шехов, саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камолӣ Хуҷандӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ин ҷашнвора аз 29-уми сентябр то 3-юми октябр бо ҳузури меҳмонон аз кишварҳои хориҷа дар шаҳри Гургони вилояти Гулистони Эрон баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар ҷашнвора бо намишномаи “Табиби паррон” гурӯҳи эҷодии Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Хуҷанд намояндагӣ карданд. Ба қавли Сӯҳроб Шехов, ин намоишнома дар Эрон бисёр гарм истиқбол шуд.

Сӯҳроб Шехов гуфт, дар ин ҷашнвора 24 театр бо намоишномаҳои гуногун ширкат варзиданд, ки аз он се театри кишварҳои хориҷӣ буд: Тоҷикистон, Арманистон ва Чин.

Маросими супурдани ҷоиза дирӯз, 5-уми октябр баргузор шуд.

“Намоишномаи “Табиби паррон” бо ҷоизаи махссуси ҷашнвораи “Оини суннатии театрҳои миллӣ” дар Эрон қадрдонӣ шуд. Ба ҳунармандон низ диплому сипоснома тақдим гашт”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба таъкиди Шехов, намоишномаи “Табиби паррон” аз рӯи асари драманависи фаронсавӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, ҳунармандони тоҷик онро дар қолаби анъанаҳои миллӣ рӯйи саҳна гузоштаанд.

“Аз ҷумла, номи қаҳрамонҳо, сару либоси ҳунармандон ва ҳатто саҳнаҳо бо садои доира банду баст мегардад, ки сирф тоҷикона аст”, – иброз дошт саркоргардони театр.

“Табиби паррон” рамзӣ буда, ишқи ду ҷавон ва найрангҳои як сарватмандеро, ки барои якҷо шудани онҳо монеъ мешавад, тасвир мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин панҷумин ҷоизаи намоишномаи “Табиби паррон” аст. Аз ин пеш намоишномаи мазкур дар ҷашнвораҳои Қазон дар Русия (2019), Актаваи Қазоқистон (2019), Смоленски Русия (2022, ду ҷоиза) ва Алмаатои Қазоқистон (2022) ба ҷоиза сазовор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.