Филми “Фурӯғ” Тоҷикистонро дар Фестивали ҷаҳонии филмҳои мустақили Гандҳара муаррифӣ мекунад

Филми кӯтоҳи ҳунарии “Фурӯғ” бо коргардонии Одина Маҳмад, коргардони ҷавони тоҷик таҳия шудааст, дар 4-умин Фестивали ҷаҳонии филмҳои мустақили Гандҳара (Gandhara Independent Film Festival) иштирок карда, барои дарёфти ҷоиза рақобат мекунад. Фестивал аз 6-ум то 8-уми октябри соли равон дар давлати Покистон баргузор мешавад. Ин иттилоро Одина Маҳмад тасдиқ карда, таъкид намуд, ки филми “Фурӯғ” […]

Asia-Plus

Филми кӯтоҳи ҳунарии “Фурӯғ” бо коргардонии Одина Маҳмад, коргардони ҷавони тоҷик таҳия шудааст, дар 4-умин Фестивали ҷаҳонии филмҳои мустақили Гандҳара (Gandhara Independent Film Festival) иштирок карда, барои дарёфти ҷоиза рақобат мекунад. Фестивал аз 6-ум то 8-уми октябри соли равон дар давлати Покистон баргузор мешавад.

Ин иттилоро Одина Маҳмад тасдиқ карда, таъкид намуд, ки филми “Фурӯғ” ягона филм аз Тоҷикистон, ки дар фестивали мазкур ширкат мекунад.

“Филми “Фурӯғ” дар бахши озмунии филмҳои кӯтоҳ иштирок мекунад ва мо умедворем, ки муваффақ хоҳад буд”, – гуфт Одина Маҳмад.

Дар умум, дар фестивали мазкур аз 20 кишвари дунё 43 филм роҳ ёфтаанд ва барои дарёфти ҷоизаҳои гуногун давоми 2 рӯз рақобат мекунанд. Фестивал ба таври онлайн ҳам пахш мешавад ва бинандагон имкон доранд онро тамошо кунанд.

Ёдовар мешавем, ки филми кӯтоҳи ҳунари “Фурӯғ” аввалин кори коргардони ҷавон Одина Маҳмад аст. Муаллифи филмнома Абдулҳай Зокиров ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.

Филми мазкур аз зиндагии духтараки имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) нақл мекунад, ки марги ногаҳонии модар ба ҳолати рӯҳии ӯ таъсири ҷиддӣ расонидааст.

Нахустнамоиши филми мазкур соли гузашта дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гуфти коргардони филм, “Фурӯғ” ба чанд кинофестивали дигар роҳ ёфтааст ва дар назар аст, ки то охир сол дар ду кинофестивали Ҳиндустон иштирок кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.