Дар Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ боз қатъ мешавад

Шаҳрдории Душанбе боз аҳолии пойтахтро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 19-20 октябр интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе ноҳияҳои шаҳр қатъ карда мешавад. Дар саҳифаи худ дар Facebook шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки қатъи интиқоли об аз истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» дар доираи Нақшаи чорабиниҳои таъмиру насби таҷҳизот сурат мегирад. Гуфта мешавад, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 22:00 рӯзи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе боз аҳолии пойтахтро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 19-20 октябр интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе ноҳияҳои шаҳр қатъ карда мешавад.

Дар саҳифаи худ дар Facebook шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки қатъи интиқоли об аз истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» дар доираи Нақшаи чорабиниҳои таъмиру насби таҷҳизот сурат мегирад.

Гуфта мешавад, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 22:00 рӯзи 19 октябр то соати 08:00 рӯзи  20 октябри соли 2023 қатъ мегардад.

Дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳияҳои зерини пойтахт:

Ноҳияи Сино

– маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, МД «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон.

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ

– хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон.

Аз ин лиҳоз, шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт дархост намудааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.