Резиши сангу кӯҳпора роҳи Душанбе – Хоруғро баст. Он то ҳол тоза нашудааст

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ бар асари фаромадани сангреза то ҳол баста аст. Ҳодиса дар мавзеи деҳаи Кеврон дар ноҳияи Дарвоз рӯзи 16 октябр ба амал омад. Сангҳо роҳро бастанд. Аз одамон касе осеб надидааст. Он ҷо мошинҳо ҷамъ шудаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ. Дар Вазорати нақлиёт […]

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ бар асари фаромадани сангреза то ҳол баста аст. Ҳодиса дар мавзеи деҳаи Кеврон дар ноҳияи Дарвоз рӯзи 16 октябр ба амал омад. Сангҳо роҳро бастанд. Аз одамон касе осеб надидааст. Он ҷо мошинҳо ҷамъ шудаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки сангреза нимаи рӯзи душанбе фаромада, ҳозир барои тоза кардани ин қитъаи роҳ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

“Қитъаи роҳро тоза карда истодаанд ва ояндаи наздик ҳаракати нақлиёт тариқи он барқарор мешавад”, – гуфтанд дар Вазорат.

Шумори умумии автомобилҳое, ки аз ду тараф роҳашон баста аст, дақиқан маълум нест. Манбаъ дар ин бора танҳо гуфт, ки онҳо зиёданд.

Нақлиёти асосӣ дар ин роҳ байнишаҳрӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.