Моҳи сентябр Тоҷикистон қариб ба 20 млн доллар барқ фурӯхт

Дар зарфи 9 моҳи соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти неруи барқ зиёда аз 104,5 млн доллар маблағ ба даст овард, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 4,8% зиёдтар аст: он замон маблағи бадастомада аз содироти барқ ба ҳудуди 99,8 млн доллар баробар буд. Моҳи сентябри […]

Дар зарфи 9 моҳи соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти неруи барқ зиёда аз 104,5 млн доллар маблағ ба даст овард, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 4,8% зиёдтар аст: он замон маблағи бадастомада аз содироти барқ ба ҳудуди 99,8 млн доллар баробар буд.

Моҳи сентябри соли равон, вақте ки сокинони деҳот аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли неруи барқ шикоят мекарданду ширкати “Барқи тоҷик” аз норасоии барқ хабар дод, кишварҳои ҳамсоя аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 20 млн доллар барқ гирифтанд. Ин қариб ба нишондиҳандаи моҳи августи соли ҷорӣ (22 млн доллар), ки ба мавсими тобистон рост меояд, баробар аст.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, содироти барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон сурат гирифта, содироти он ба Афғонистон инчунин дар мавсими тирамоҳу зимистон низ идома меёбад, лекин танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани зерсохтор. Раҳбарияти ширкат зикр карда буд, ки дар замони сардиҳо, вақте ки дар худи Тоҷикистон камбуди барқ эҳсос мешавад, интиқоли он ба Афғонистон 10 баробар – аз 400 Мвт то 40 Мвт коҳиш меёбад.

Охири моҳи сентябр ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол интиқоли барқ маҳдуд шуда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, интиқоли барқ ба сокинони деҳот аллакай маҳдуд шудааст – 3 соат субҳ ва 5 соат шомгоҳон. Аз интиқоли маҳдуди барқ сокинони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба ҷуз ВМКБ (системаи энергетикии ин вилоят аз системаи марказии кишвар алоҳида аст ва аз ҷониби ширкати хусусии “Помир энержи” идора мешавад) арзу шикоят доранд.

Қатъи сартосарии интқоли барқ ба деҳоти кишвар аз даҳаи охири моҳи сентябр оғоз шуд. Интиқоли барқ натанҳо ба сокинон, балки ба нуқтаҳои фурӯш ва корхонаҳои хурд низ қатъ гардида, дар маҷмӯъ ба иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонад.

Тибқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 17,1 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 4,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.