Фирор аз нозири роҳ дар Мастчоҳ. Ронандаи муттаҳам боздошт шуд

Соҳиб Давлатзода, ронандае, ки ба талаби корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Масчоҳ итоат накарда, сабабгори осеб бардоштани ӯ гаштааст, боздошт шудааст. Дар ин бора Ҷаҳонгир Ҳакимзода, масъули дафтари матуботи Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он корманди БДА-ро […]

Соҳиб Давлатзода, ронандае, ки ба талаби корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Масчоҳ итоат накарда, сабабгори осеб бардоштани ӯ гаштааст, боздошт шудааст.

Дар ин бора Ҷаҳонгир Ҳакимзода, масъули дафтари матуботи Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он корманди БДА-ро дар рӯйи замин хобида ва бо ҷароҳатҳо мушоҳида кардан мумкин буд. Баъзе аз корбарон навиштанд, ки корманди БДА аз ҷониби ронанда латукӯб шудааст.

Аммо воқеаро Ҷаҳонгир Ҳакимзода ба таври дигар нақл кард. Ӯ гуфт, ки ҳодиса 16-уми ояктбр, тахминан соати 10:20 дақиқа, дар назди “Ҷумъабозор”-и ҷамоати Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух додааст.

“Мо санаи 16-уми окятбр дар ҷойи ҳодиса будем. Маълум шуд, ки ронандаи мошини “Hyundai   Solaris” Соҳиб Давлатзода баъди вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ба талаби корманди БДА, сержанти милитсия Фаррух Ҳамзазода итоат накарда, аз пешниҳоди шаҳодатномаи ронандагӣ саркашӣ мекунад ва бо суръати баланд аз ҷойи ҳодиса фирор менамояд”, – гуфт Ҷаҳонгир Ҳакимзода.

Ба қавли Ҳакимзода, ронандаи боздоштшуда зикр кардааст, ки “корманди БДА дари мошинашро дошта буд ва ӯ чӣ гуна ба замин афтод нафаҳмидааст”.

“Баъди ин ҳодиса Соҳиб Давлатзода нақлиёташро дар ҳудуди ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан гузошта, худ ғайб мезанад. Аммо бо эълони амалиёти боздошт, кормандони милитсия тавонистанд ронандаи фирориро дар зудтарин фурсад боздошт кунанд”, – таъкид кард Ҷаҳонгир Ҳакимзода.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол барои оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Соҳиб Давлатзода чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҳодисаи итоат накардан ба талаби корманди БДА ва осеб расонидан ба ӯ давоми ду ҳафтаи охир аст. Қаблан, 7-уми октябр, низ дар ноҳияи Хуросон ронандае бо суръати баланд корманди БДА-ро зада буд. Ин ронанда низ дар наздиктарин фурсат боздошт гардид. Корманди БДА ҷон ба саломат бурдааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.