Шодӣ Шабдолов, яке аз роҳбарони собиқадори коммунистон, даргузашт

Date:

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Зарагул Мирасанова, яке аз масъулони Ҳизби комунисти Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ хабар додааст.

Ӯ ба аҳли оила, аз ҷумла наздикону мукаррабони марҳум ва тамоми коммунистони Тоҷикистон ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.

Ҳарчанд ӯ сабаби марги роҳбари собиқи коммунистҳои тоҷикро нагуфтааст, вале ба мо маълум аст, ки ӯ чанде пеш дар беморхона бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буд. Эҳтимол маҳз бемории пас аз ҷароҳиаш сабаби марги ӯ шуда бошад.

Пайвандони Шодӣ Шабдолов дар як тамоси кӯтоҳ ба "Asia-Plus" гуфтанд, ки маросими ҷаноза пагоҳ дар зодгоҳи сиёсатмадор – шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки ӯро дар зодгоҳаш ба хок супоранд. 

Шодӣ Шабдолов, ки ду рӯз пеш, 17-уми октябр ба синни 80-солагӣ расида буд.

Ӯ ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд. Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.

Шодӣ Шабдолов 17 октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст.

Дар зер мусоҳибаи охирини ин сиёсатмадори тоҷикро ки дар рӯзи 80-солагиаш, ду рӯз пеш- 17-уми октябр бо “Азия-Плюс” кард, пешниҳод мекунем: Шодӣ Шабдолов: Дар ягон ҳолат мавқеамро тағйир надодаам.

Ҳайати эҷодии "Asia-Plus" ба пайвандони Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадор ва арбоби давлатии тоҷик, ҳамдардӣ баён карда, барояшон сабру шикебоӣ мехоҳад!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...