Тоҷикистон ва Кувайт оид ба хизматрасониҳои машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳо (барйерҳо)-и муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ қарордод имзо карданд.
Дар ин бораи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, созишнома 24-уми октябр, дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)», аз ҷониби Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш, намояндаи ширкати машваратии Кувайт “NARCO – Nabeel Abdul-Raheem Consultants” имзо шудааст.
Таъкид мегардад, ки вазифаи ширкати машваратӣ – таҳқиқи қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад, ки дар онҳо тибқи меъёр бехатарии ҳаракатро дар роҳ баланд бардоштан зарур аст. Тавассути таҳияи лоиҳаи асоснок, хулосаҳои муфассали муҳандисӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ сифати баланди корҳои сохтмонии панҷараҳои муҳофизатӣ (VRS – системае, ки мошинро дар хати ҳаракат нигоҳ медорад) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо таъмин карда мешавад.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ширкат хизматрасониҳои машваратиро оид ба назорати сохтмон ва такмили сохти панҷараҳои муҳофизатӣ иҷро менамояд.
“Дар доираи лоиҳаи мазкур омӯзиши роҳҳои автомобилгарди масири “Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб -Хоруғ – гузаргоҳи Қулма” (қитъаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат -Данғара, Ш.Шоҳин – Шкев) ва масири “Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон” (қитъаҳои афзалиятноки Ваҳдат-Обигарм, Нуробод-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон) ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.
Бояд гуфт, ки аксари шоҳроҳҳои Тоҷикистон тавассути кӯҳҳову доманакӯҳҳо убур мекунад ва барои ронандагон хатарҳои эҳтимолии зиёд пеш меояд.


