Ифтитоҳи корхонаҳо, мактаб, боғ ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди шаҳраки нав. Натиҷаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Рӯдакӣ

Имрӯз, 26-уми октябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи якчанд  иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. Зимни ин сафар дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабобод корхонаи парандапарварии “Ҳилол” ба истифода дода шуд, ки дар […]

Имрӯз, 26-уми октябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи якчанд  иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Зимни ин сафар дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабобод корхонаи парандапарварии “Ҳилол” ба истифода дода шуд, ки дар он асосан парвариши мурғи марҷон, кабк ва фазан ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳраки Сомониён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз се ошёна иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, сарвари давлат баъди таҷдиду навсозӣ Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакиро ба истифода дод. Масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил дода, дар он беш аз 800 бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст.

Дар ин боғ роҳбари давлат бо зиёда аз 60 нафар ятимони кулл мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.

Инчунин, дар доираи ин сафар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди истифодабарӣ қарор дод, ки он аз се ошёна иборат мебошад.

Дар деҳоти Чоргултеппа корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Сарҷамъ” ба истифода дода шуд. Ин корхона дар майдони 0,32 гектар бунёд шуда, дар як рӯз 500 ҷуфт пойафзол истеҳсол мекунад.

Раиси ҷумҳур дар баробари ба истифода додани иншооти таъиноти гуногун ҳамзамон аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа дидан намуд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, деҳоти Роҳатӣ ва Чортеппа шинос гардид.

Гуфта мешавад, ки дар асоси нақшаи генералӣ қисми аввали нақшаи муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён дар масоҳати 79,6 гектар барои зиёда аз 19 ҳазор нафар таҳия шудааст.

Дар доираи ин лоиҳа бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна, 4 муассисаи таълимӣ, 8 кӯдакистон барои то 400 кӯдак, мактаби мусиқӣ, меҳмонхонаҳо, гулгаштҳо, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷои нишаст, майдонча ва толорҳои варзишӣ, навсозии бозори “Ганҷ”, биноҳои маъмурӣ, бинои ёрии таъҷилӣ дар назди беморхонаи марказӣ, беморхона барои касалиҳои дил, навсозии Қасри фарҳанг, васеъкунии роҳҳо ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.