Ду зодаи Тоҷикистон аз комиссариати ҳарбии Русия фирор кардаанд

Ду зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз комиссариати ҳарбии Маскав фирор карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Сарраёсати тафтишотии Маскав хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, айни замон бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ному насаби онҳо интишор намешавад. “Тибқи тафтишот ду нафар зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таваллудаш […]

Ду зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз комиссариати ҳарбии Маскав фирор карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Сарраёсати тафтишотии Маскав хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ному насаби онҳо интишор намешавад.

“Тибқи тафтишот ду нафар зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таваллудаш 2004 ва 2005, солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шудаанд. Онҳо аз макони ҷамъомади комиссариати ҳарбии Маскав, қаламрави худро тарк карда, ба самти номаълум ғайб задаанд”, – навиштааст Сарраёсати тафтишотии Маскав.

Тавре манбаъ меафзояд, аз рӯи ҷинояти пешбининамудаи моддаи 328,  қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Русия (саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативии шаҳрвандӣ) бар зидди ин ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳоло муфаттишони Кумитаи тафтишотии Маскав аз рӯи ин ҳодиса чорабиниҳои тафтишотӣ мегузаронанд.

“Ба кормандони хадамоти оперативӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати муайян кардани макони будубоши ин афрод чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом диҳанд”, – афзуданд манбаъ.

Ба шаҳрвандоне, ки дар Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ фирор мекунанд, то ду соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.