Насби панҷараҳои муҳофизатӣ дар роҳҳои хатарноки минтақаҳои куҳӣ

Тоҷикистон ва Кувайт оид ба хизматрасониҳои машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳо (барйерҳо)-и муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ қарордод имзо карданд. Дар ин бораи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, созишнома 24-уми октябр, дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ […]

Тоҷикистон ва Кувайт оид ба хизматрасониҳои машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳо (барйерҳо)-и муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ қарордод имзо карданд.

Дар ин бораи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, созишнома 24-уми октябр, дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)», аз ҷониби Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш, намояндаи ширкати машваратии Кувайт “NARCO – Nabeel Abdul-Raheem Consultants” имзо шудааст.

Таъкид мегардад, ки вазифаи ширкати машваратӣ – таҳқиқи қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ  мебошад, ки дар онҳо тибқи меъёр бехатарии ҳаракатро дар роҳ баланд бардоштан зарур аст. Тавассути таҳияи лоиҳаи асоснок, хулосаҳои муфассали муҳандисӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ сифати баланди корҳои сохтмонии панҷараҳои муҳофизатӣ (VRS – системае, ки мошинро дар хати ҳаракат нигоҳ медорад) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ширкат хизматрасониҳои машваратиро оид ба назорати сохтмон ва такмили сохти панҷараҳои муҳофизатӣ иҷро менамояд.

“Дар доираи лоиҳаи мазкур омӯзиши роҳҳои автомобилгарди масири “Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб -Хоруғ – гузаргоҳи Қулма” (қитъаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат -Данғара, Ш.Шоҳин – Шкев)  ва масири “Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон” (қитъаҳои афзалиятноки Ваҳдат-Обигарм, Нуробод-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон) ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ки аксари шоҳроҳҳои Тоҷикистон тавассути кӯҳҳову доманакӯҳҳо убур мекунад ва барои ронандагон хатарҳои эҳтимолии зиёд пеш меояд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...