Нигаронии муовини раиси Бадахшон аз нархи гарон ва сифати пасти сӯзишворӣ

Мақомоти масъули Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон талош доранд пеши роҳи гароншавии роҳкиро ва ворид кардану ба савдо гузоштани маҳсулоти сӯзишворӣ ва дорувории пастсифатро гиранд. Ин  масъала зимни як ҷаласае, ки дирӯз, 30-юми октябр, бо ҳузури муовини раис ва масъулини дахлдори ҳукумати ВМКБ баргузор гардид, баррасӣ шудааст. Тавре мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи фейсбуки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мақомоти масъули Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон талош доранд пеши роҳи гароншавии роҳкиро ва ворид кардану ба савдо гузоштани маҳсулоти сӯзишворӣ ва дорувории пастсифатро гиранд.

Ин  масъала зимни як ҷаласае, ки дирӯз, 30-юми октябр, бо ҳузури муовини раис ва масъулини дахлдори ҳукумати ВМКБ баргузор гардид, баррасӣ шудааст.

Тавре мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ медиҳад, муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода аз нархи дорувориву сӯзишворӣ ва сифати онҳо интиқод кардааст.

Анвар Иматшозода дар робита ба шикояти баъзе ронандагон аз сифати маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан бензин изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бензини ба ҳудуди вилоят воридмешуда санҷида шавад.

Пас аз дастрас кардани хулосаи ташхис, иқдоми баъдӣ маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ба ВМКБ асосан аз маркази ҷумҳурӣ маводи сӯхт интиқол мешавад ва бо назардошти дурии роҳ нархи он дар бештари ҳолат аз дигар манотиқи кишвар гаронтар аст. Дар ҷаласаи ҳукумати вилоят гаронии нархи бензин ва кӯшиши баланд бардоштани роҳкиро низ баррасӣ гардидааст.

“Бархе ронандагон, ки ба мусофиркашӣ дар шаҳру навоии вилоят машғул ҳастанд нияти боло бурдани роҳкироро доранд. Ва ҳоло намондагони ҳукумати вилоят талош доранд, то нархи роҳкиро таъғир наёбад ва чораҳои лозима андешида истодаанд”, – гуфт як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ.

Бояд гуфт, ки рӯзи 25-уми октябр Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи ҳукумати вилоят аз суръати пасти интернет ва алоқаи оддии мобилӣ дар минтақа ибрози нигаронӣ карда, гуфта буд, ин мушкилот бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.