Баъди Бег Сабур, раиси Бадахшон низ аз суръати интернет ва алоқаи мобилӣ нигаронӣ кард

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи ҳукумати вилоят аз суръати пасти интернет ва алоқаи оддии мобилӣ дар минтақа ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст, ин мушкилот бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шавад. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ медиҳад. Зимни ин ҷаласа, ки 25-уми октябр […]

Asia-Plus

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи ҳукумати вилоят аз суръати пасти интернет ва алоқаи оддии мобилӣ дар минтақа ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст, ин мушкилот бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шавад.

Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ медиҳад.

Зимни ин ҷаласа, ки 25-уми октябр баргузор гардидааст, раиси вилоят гуфтааст, дар баъзе ҳолатҳо суръати интернет паст буда, алоқаи одии мобилӣ низ қонеъкунанда нест.

“Чунин мушкилот бо назардошти минтақаҳои дурдасти вилоят, бояд дар кутоҳтарин фурсат ҳалли худро пайдо намояд”, – гуфтааст Алишер Мирзонабот.

Нигаронии Алишер Мирзонабот дақиқан ду рӯз баъд аз ҷаласаи Хадамоти алоқаи кишвар, ки дар он Бег Сабур, роҳбари ин ниҳод аз суръати интернет ва алоқа шикоят кард, садо медиҳад.

Дар ҷаласаи Хадамоти алоқа, ки 23-юми октябр, бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон вобаста ба мушкилоти соҳаи алоқа баргузор гардид, Бег Сабур дастур дод,  манотиқеро, ки дар он ҷойҳо дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет заиф аст, муайян карда, барои бартараф сохтани камбудиҳо дастбакор шаванд.

Барои ин аз ҳисоби масъулини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуда, барои омода намудани ҳисоботи мукаммал ба онҳо як ҳафта муҳлат дода шуд.

Пештар аз ин, Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ низ аз суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ нигаронӣ намуда буд.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёми охирини худ рӯзи 23-юми декабри соли 2022 аз сифари пасту нархи баланди интернет ва дигар мушкилоти алоқа интиқод карда, ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои бартараф кардани он дастбакор шаванд.

Гуфтан зарур аст, ки ҳоло дар баъзе манотиқи кишвар мавҷи алоқа бисёр заиф буда, интернет тақрибан кор намекунад. Шикояти сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз суръату сифати интернет ва алоқа низ зиёд аст.

Шикояти сокинонро Бег Сабур низ тасдиқ карда, гуфтааст, ки ба Хадамоти алоқа воқеан шикоят аз сокинон зиёд ворид мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.