Намояндагони Кореяи Шимолӣ дар Душанбе аз чӣ суҳбат карданд?

Намояндагони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (Кореяи Шимолӣ) ҳафтаи гузашта дар Душанбе барои таҳкими равобити дипломатӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар як силсила мулоқотҳо анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. “Ҳоло барои таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба корҳо идома доранд”, – қайд кард ҳамсӯҳбати мо. Ҳамчунин, […]

Asia-Plus

Намояндагони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (Кореяи Шимолӣ) ҳафтаи гузашта дар Душанбе барои таҳкими равобити дипломатӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар як силсила мулоқотҳо анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

“Ҳоло барои таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба корҳо идома доранд”, – қайд кард ҳамсӯҳбати мо.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, дар назар аст, ки ҳамкориҳои байниҳизбӣ миёни ҷонибҳо густариш ёбад. Аммо манбаъ мушаххас накардааст, ки ин тамдид чиро дар бар мегирад ва мушаххасан кадом ҳизбҳо ҳамкории худро тақвият мебахшанд.

Ба гуфтаи ӯ, “муносибатҳои ду кишвар асосан дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ дар сатҳи хуб қарор доранд”.

Рӯзи 23-юми октябр маросими супоридани эътимодномаи сафири Карея дар Син Хонг Чол ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар худи Тоҷикистон сафоратхонаи ин кишвар вуҷуд надорад, аммо намояндагии дипломатияш дар Маскав ҷойгир аст.

Рӯзи дигар, 24 октябр, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Корея дар Тоҷикистон Син Хонг Чол мулоқот кард.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи равобит бо Карея, аз ҷумла ба таҳкиму тавсеаи равобити байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

“Барои ин муносибатҳоро ба сатҳи сифатан нав баровардан, пеш аз ҳама, беҳтар намудани фаъолияти гурӯҳи порлумонии ду кишвар зарур аст”, – гуфт Фаттоҳзода.

Ёдовар мешавем, ки равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея 5-уми феврали соли 1992 барқарор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.