Шавкат Мирзиёев барои Навори Ғазза 1,5 млн доллар ҷудо кард ва гуфт, ҳамроҳи мардуми Фаластин аст

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи ҳукумат гуфт, қарореро имзо кардааст, ки тибқи он, кишвараш тавассути Оҷонси Шарқи Наздики СММ ба сокинони Навори Ғазза 1,5 миллион доллар кӯмак мекунад. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, ки “ҳамроҳи мардуми Фаластин аст”. “Мо ба таври қатъӣ ҳамраъйии […]

Asia-Plus

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи ҳукумат гуфт, қарореро имзо кардааст, ки тибқи он, кишвараш тавассути Оҷонси Шарқи Наздики СММ ба сокинони Навори Ғазза 1,5 миллион доллар кӯмак мекунад.

Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, ки “ҳамроҳи мардуми Фаластин аст”.

“Мо ба таври қатъӣ ҳамраъйии худро бо мардуми Фаластин изҳор менамоем ва аз ҳуқуқи онҳо барои таъсиси давлати мустақили худ тибқи қатъномаҳои қаблан қабулшудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амният ҷонибдорӣ мекунем”, – гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Мирзиёев аз ҳарду ҷониби даргир даъват кардааст, ки фавран бо ҳадафҳои башардӯстона созиш кунанд, амалиёти ҷангиро бас кунанд ва низоъро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.

“Маълум аст, ки даргириҳои мусаллаҳонаи давомдор байни артиши Исроил ва Ҳамос бӯҳрони башардӯстонаро шадидтар карда, боиси талафоти зиёди мардуми осоиштаи бегуноҳ мегардад. Кӯдакон ва занон мемиранд, одамон хонаҳои худро аз даст медиҳанд ва маҷбуранд хонаҳои худро тарк кунанд”, – зикр кардааст Шавкат Мирзиёев.

Ӯ ҳамчунин ба наздикони ҳамаи қурбониён дар Фаластин ва Исроил изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки миёни Исроил ва Ҳамос 7-уми октябр даргирӣ оғоз ёфт. Низоъ пас аз ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил ва куштани 1400 нафар ва ба асорат гирифтани беш аз 200 каси дигар сар шуд.

Дар пайи ин Исроил эълони ҷанг кард ва Навори Ғазза, макони гуруҳи Ҳамосро муҳисира ва мушакборон намуд. Инак бо гузашти се ҳафта аз оғози низоъ беш аз 8000 фаластинӣ, аз ҷумла наздики 3 ҳазор кӯдак кушта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.