Рамазон Қодиров: “Тири чорумро ба пешонӣ занед”

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, ба нерӯҳои амниятии кишвараш амр додааст, ки дар сурати сар задани бетартибӣ аввал огоҳ кунанд ва баъд ба сӯйи эътирозгарон тир кушоянд. Қодиров рӯзи 31-уми октябр дар паёме дар Telegram навишт, "се дафъа ба ҳаво тир холӣ кунанд ва агар ин шахс итоат накард, тири чорумро ба пешонияш зананд.” Вай илова […]

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, ба нерӯҳои амниятии кишвараш амр додааст, ки дар сурати сар задани бетартибӣ аввал огоҳ кунанд ва баъд ба сӯйи эътирозгарон тир кушоянд.

Қодиров рӯзи 31-уми октябр дар паёме дар Telegram навишт, "се дафъа ба ҳаво тир холӣ кунанд ва агар ин шахс итоат накард, тири чорумро ба пешонияш зананд.”

Вай илова кардааст, ки шаби гузашта аз чунин “иғвоангезӣ” дар Чеченистон пешгирӣ шуд, вале дар ин бора шарҳи зиёд надодааст.

Шоми 29-уми октябр ҳангоми парвози ҳавопаймое аз Исроил ба Махачқалъаи Доғистон садҳо нафар дар фурудгоҳ ҷамъ омада, алайҳи Исроил эътироз карданд.

Эътирозгарон дар фурудгоҳ талаб доштанд, ки яҳудиён аз Доғистон ронда шаванд. Ин гурӯҳ то хати парвози фурудгоҳ даромада, мусофиронро аз Исроил ҷустуҷӯ ва шиносномаҳоро тафтиш карданд.

Пулиси Доғистон хабар дод, ки шахсияти 150 “иштирокчии фаъоли бетартибӣ” шиносоӣ ва 60 нафар боздошт шуд.

Мақомоти Доғистони Русия хабар доданд, ки дар бетартибии шоми 29-уми октябр дар фурудгоҳи Махачқалъа 20 кас маҷруҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.