Бориши барф дар баъзе манотиқи Тоҷикистон. Ҳушдору тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон

Имрӯз, 9-уми ноябр, дар баъзе манотиқи Тоҷикистон барф борид. Сокинони кишвар бо нашри аксҳо аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ (километри 78 то 168) ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барфи аввал борид. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки имрӯз, 9-уми ноябр, дар баъзе манотиқи кишвар борони бошиддат ва дар баландиҳои зиёда […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз, 9-уми ноябр, дар баъзе манотиқи Тоҷикистон барф борид. Сокинони кишвар бо нашри аксҳо аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ (километри 78 то 168) ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барфи аввал борид.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки имрӯз, 9-уми ноябр, дар баъзе манотиқи кишвар борони бошиддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боридани барф дар назар дошта шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ борони бошиддат дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба амал омада, сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.

“Бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад”-омадааст дар хабар.

Вобаста ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ худдорӣ намуда, дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо ва маҳалҳое, ки омадани сел эҳтимол дорад, чорвочаронӣ накунанд.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезум ва гиёҳҳо, инчунин рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ва шикорро низ тавсия намедиҳанд.

“Сокинонро лозим меояд дар ин рӯзҳои сард беш аз ҳар вақти дигар қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд. Фасли сард одамонро ба гарм кардани хонаҳо бо ҳар васила водор мекунад, вале риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ метавонад сабаби ин ё он нохушӣ гардад”-омадааст дар хабар. 

Дар ҳолати пеш омадани ҳодисаҳои нохуши табиӣ ва дигар ҳолатҳои  фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба телефони 112 ва ё ба қисми навбатдории КҲФ: 112, 221-91-19, 223-13-11 дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.