Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Date:

Субҳи имрӯз, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон пешвоз гирифтанд.

Дирӯз як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд гуфта буд, ки дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанду Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад.

Дар робита ба ин, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз 14 то 16-уми ноябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ – Б. Ғафуров – Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, ин ниҳод, аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...