Кӣ ба “WhatsApp” ва “Telegram”-и сокинон дастрасӣ пайдо кард?

Давоми ҳафтаи равон даҳҳо нафар муштариёни операторони мобилӣ дар Тоҷикистон аз рахна шудани паёмрасонҳои “WhatsApp” ва “Telegram”-и худ нигаронӣ карданд. Онҳо шикоят карданд, ки шахсони номаълум ба “WhatsApp” ва “Telegram”-ашон дастрасӣ пайдо карда, аз номи муштариёни ширкатҳои мобилие, ки ин паёмрасонҳоро надоштанд, сабти ном карданд. Ин ҳамла нигаронии корбарони зиёдеро ба миён овард. Рахна шудани […]

Исматулло Абдуллоев, махсус барои Asia-Plus

Давоми ҳафтаи равон даҳҳо нафар муштариёни операторони мобилӣ дар Тоҷикистон аз рахна шудани паёмрасонҳои “WhatsApp” ва “Telegram”-и худ нигаронӣ карданд. Онҳо шикоят карданд, ки шахсони номаълум ба “WhatsApp” ва “Telegram”-ашон дастрасӣ пайдо карда, аз номи муштариёни ширкатҳои мобилие, ки ин паёмрасонҳоро надоштанд, сабти ном карданд. Ин ҳамла нигаронии корбарони зиёдеро ба миён овард.

Рахна шудани паёмрасонҳо дар ҳолест, ки ин мессенҷерҳо танҳо бо рақам ва рамзи махсус, ки аз ҷониби мессенҷерҳо ба муштарӣ фиристода мешавад, сабти ном мегарданд.

Пас чӣ гуна бидуни розигии муштариён паёмрасонҳои онҳо рахна шуд ва чӣ гуна аз як рақами телефон ду нафар истифода карданд?

“Ба мукотабаҳоям дастрасӣ пайдо карданд”

Одил Нозир, рӯзноманигори тоҷик аз аввалин нафароне буд, ки аз рахна шудани “Телеграм”-аш шикоят кард. Ӯ ба мо гуфт, касе ба паёмрасонаш дастрасӣ пайдо карда, аз номи ӯ ба дигарон матолиби таблиғотии меҳмонхона ва ширкати сайёҳиро ирсол кардааст.

“Намедонам кӣ ва чӣ гуна ба паёмрасонам дастрасӣ пайдо кард. Баъди тавсияи дӯстон барномаро аз телефон ҳазф карда, аз нав сабт кардам, ки дар натиҷа ҳамаи ҳуҷҷатҳо, аксҳо ва муколамаҳоям ҳазф шуд”, – нигаронӣ кард  ин рӯзноманигор.

“Беогоҳӣ аз рақами телефонам аккаунт кушоданд”

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои нав, ки ба аҳолӣ амнияти иттилоотиро меомӯзонад, низ аз ин ҳамла зарар дидааст.

Номбурда дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” навишт, ки шахсони номаълум бо рақаме, ки ӯ ҳеҷ гоҳ телеграм надошт, аккаунт кушоданд ва ӯ аз ин кор баъд аз паёмҳои дӯстонаш бохабар шуд.

“Агар ба шумо огоҳинома омад, ки ман навакак дар Telegram сабти ном кардам, ба он бовар накунед. Касе тавонистааст,  бо рақами телефони ман, ки танҳо барои зангҳои телефонӣ истифодааш мебарам дар Telegram сабти ном кунад”, – навишт ӯ.

Ҳамаи онҳое, ки аз рахна шудани паёмрасонҳояшон шикоят карданд, мегӯянд, рақамҳое, ки қаблан сабти ном шуда буданд ва ё мессенҷери нав кушоданд, ба онҳо аз ширкати хадамотрасон рамзи махсуси яккарата ирсол нашуд, ки истифодаи онро тасдиқ кунанд. Ҳеҷ гуна огоҳӣ ҳам наомад.

Рамзҳои махсуси яккарата – барои дохил шудан ё сабти ном дар барнома ё сомона истифода мешавад. Ширкатҳои махсус ба ин кор машғул мешаванд. Ҳангоми сабти ном дар ягон барнома, он рамзи яккаратаро ба пойгоҳи ширкате паёмрасон, ширкат ба оператори мобилӣ, пасон оператори мобилӣ ба рақами телефон мефиристад.

Ширкатҳои мобилӣ: Ин амали маъмулӣ аст

Ширкатҳои мобилӣ рахна шудани паёмрасонҳои мушатриёнро тасдиқ ва онро як амали маъмулӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, ин корро рахнагар (хакер)-ҳо бо истифода аз барномаҳои махсус амалӣ мекунанд ва маҳз нагузоштани рамз ё ҳимояи дукаратаи паёмрасонҳо “луқма”-и рахнагарон аст.

Аз ширкати мобилии “Tcell” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар пойгоҳи онҳо ҳеҷ мушкиле нест ва аз лиҳози техникӣ ҳам касе ба смс-паёмҳои муштариён дастрасӣ пайдо карда наметавонад.

Вале ҳамлагарон аз барномаҳои махсус барои дастрас кардани рамзҳои яккарата истифода мебаранд.

“Ин амал то замони смс-паём ба пойгоҳи операторони мобилӣ ворид шудан иҷро мешавад”, – гуфтанд дар ширкат.

Намояндаи ширкати мобилии “Мегафон” истифода нашудани ҳимояи дукаратаи паёмрасонҳоро аз ҷониби муштариён сабаби асосии рахна шудан медонад.

“Ҳимояи маълумоти истифодабаранда вазифаи Telegram ва WhatsApp аст. Операторони мобилӣ дар ин раванд ҳамчун миёнарав аз дасташон коре намеояд”, – гуфт ӯ.

Мушкили Маркази коммуникатсионӣ ё пойгоҳи ширкатҳои мобилӣ?

Муштариёни ширкатҳои мобилии дигар ҳам бо ин мушкили рӯбарӯ шудаанд. Бо ишора ба ин, баъзе аз коршиносон мегӯянд, шояд мушкил дар кори Маркази ягонаи коммуникатсионии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бошад.

Роҳбарияти Хадамоти алоқа дар робита ба ин масъала шарҳ надоданд ва аз мо маткуби расмӣ талаб карданд. Мо дархости расмӣ ирсол кардем, вале бо гузашти се рӯз то ҳол посух нагирифтаем.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Гулов бар ин назар аст, ки сабаби рахна шудани паёмрасонҳо ворид гардиданни ҳамлагарон ба пойгоҳи паёмрасон ва оператори мобилӣ ва ё шикастани инфрасохтори худи оператори мобилӣ аст, ки СМС-паёмҳоро дастрас карда, нагузоштаанд он ба муштарӣ расад.

Ҳамлагарон бо мақсади гуногун барои рахна кардани мессенҷерҳо кӯшиш мекунанд. Пас аз дастрасӣ ба телеграм, ҳамлагарон ба мукотиба, паёмҳои захирашуда ва аксҳоятон дастрасӣ пайдо мекунанд.

Чӣ бояд кард, ки аз ҳамлаҳо эмин монд?

1. Ба сомонаҳои шубҳанок дохил шуда, маълумотатонро нанависед.

2. Ба бозиҳое, ки ваъдаи пули зиёд медиҳанд, бовар накунед.

3.  Аз кушодани пайвандҳо ва файлҳои шубҳанок худдорӣ намоед. Агар чизе шубҳанок ба назар расад, беҳтараш аз он канорагирӣ кунед.

4. Паёмрасонҳоро мураккаб рамзбандӣ кунед.

5. Ҳимояи дукарата – ин танзимотро барои мустаҳкам кардани амнияти аккаунтатон истифода баред. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.