Ҷузъиёти пайдо шудани ҷасади кӯдаки 3-сола аз партов. ВКД аз боздошти зани 22-сола хабар дод

Як ҷавонзани 22-сола барои куштори бераҳмонаи тифли 3-солаи ҳамсояаш ҳамчун гумонбар боздошт шудааст. Ӯ барои пинҳон кардани ҷинояти дуздиаш ба ин кор даст задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад. Бояд гуфт, ки хабари пайдо шудани ҷасади кӯдаки ноболиғ аз партов ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аммо он замон, дар […]

Як ҷавонзани 22-сола барои куштори бераҳмонаи тифли 3-солаи ҳамсояаш ҳамчун гумонбар боздошт шудааст. Ӯ барои пинҳон кардани ҷинояти дуздиаш ба ин кор даст задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки хабари пайдо шудани ҷасади кӯдаки ноболиғ аз партов ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аммо он замон, дар мақомоти корҳои дохилӣ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карда буданд.

Дар барномаи “Ахбори ВКД”, ки шоми дирӯз, 15-уми ноябр нашр шуд, аз ин зан Манижа Эмомализода, сокини шаҳри Душанбе ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки худ 2 кӯдаки ноболиғ ҳам доштааст, ном бурда мешавад.

Зани гумонбар дар ҳамсоягии Зарифа Ашӯрова, модари тифли марҳум зиндагӣ карда, бо мақсади дуздӣ ба хонаи ӯ ворид шудааст, ки дар натиҷа соҳибхона ӯро дастгир кардааст.

“Гоманбар бо мақсади он ки кирдори содиркардааш дар байни ҳамсояҳо овоза нашавад, қасди ҷинояти махсусан вазнинро таҳрезӣ намуда, барои аз ёду хаёли Зарифа Ашурова баровардани ҳолати ҷинояти дуздӣ фарзанди ноболиғи ӯ Абдуллоҳзода Шарифаро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш дароварда, дар дохили ҳамом бо истифода аз корд ба гардани марҳум ду маротиба зада ӯро ба ҳалокат расонидааст”, – зикр мешвад дар “Ахбори ВКД”.

Дар навор худи Манижа Эмомализода нақл мекунад, ки чӣ гуна тифлро кушта ба партов партофтааст.

Ҷасади ноболиғи 3-сола рӯзи 4-уми ноябр баъди як рӯзи муроҷиати модараш барои нопадид шудани тифл аз партовгоҳи наздикии хонааш бо аломатҳои марги маҷбурӣ, аз ҷумла захмҳои корд дар гарданаш пайдо гардидааст.

Бар зидди Манижа Эмомализода барои куштори ноболиғ (моддаи 104 қисми 2 банди в Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷинотяӣ боз шуда, ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҳабси якумараро пешбинӣ мекунад.

Назари худи манижа Эмомализода, наздикон ва вакили дифои ӯ дар робита ба ҳодисаи мазкур маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.