Як сокини Конибодом модарашро бо зарби 136 корд куштааст

Дар Конибодом марди 32-сола бо иттиҳоми куштори модараш бо бераҳмии хос боздошт шудааст. Ин мард модари 65-солаи худро 136 маротиба корд задааст. Ба иттилои гузориши “Милитсия хабар медиҳад”, муноқиша миёни Шаҳриёр Норматови боздоштшуда ва Халимаҷон Норматоваи ҷонбохта рӯзи 24-уми ноябр рух додааст. Сабабҳои муноқиша байни модару писар маълум нест, вале худи Шаҳриёр Норматов дар гузориши […]

Asia-Plus

Дар Конибодом марди 32-сола бо иттиҳоми куштори модараш бо бераҳмии хос боздошт шудааст. Ин мард модари 65-солаи худро 136 маротиба корд задааст.

Ба иттилои гузориши “Милитсия хабар медиҳад”, муноқиша миёни Шаҳриёр Норматови боздоштшуда ва Халимаҷон Норматоваи ҷонбохта рӯзи 24-уми ноябр рух додааст.

Сабабҳои муноқиша байни модару писар маълум нест, вале худи Шаҳриёр Норматов дар гузориши мазкур дар бораи куштани модараш муфассал сӯҳбат кардааст.

“Кордро гирифта, ба назди ман омаданд ва мехостанд маро зананд. Аммо кордро аз дасташон гирифта, як маротиба ба рӯяшон задам. Баъд – дар шикамашон, дасташон, гарданашон ва сарашон задам… Афтиданду мурданд”, – мегӯяд Шаҳриёр Норматов.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Шаҳриёр Норматов ба ҷисми модараш 136 зарбаи корд задааст.

Инчунин, ӯ барои пӯшонидани осори ҷиноят, либоси хунолудаи модари кушташударо иваз карда, ба ҳуҷрааш бурда, хобонда, хуни фарш ва корди истифодашударо шуста, тоза кардааст.

“Баъди як рӯз Норматов ба хешовандонаш дар бораи марги ногаҳонии модараш хабар медиҳад, аммо аломатҳои марги маҷбурӣ ва захми аёни гардани майит ба гумони “марги ногаҳонӣ” шубҳа овард. Тафтишот асли воқеаро рӯшан сохт”, – гуфта мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ин зан аз бемории рӯҳӣ ранҷ мебурд ва аз соли 1993 дар қайди беморхонаи рӯҳии маҳалли зисташ сабти ном шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки худи Шаҳриёр Норматов дар қайди беморхонаи рӯҳии маҳалли зисташ сабти ном нашудааст, вале вазъи равонии ӯ ташхис карда мешавад.

Нисбати Шаҳриёр Норматов бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Барои куштор бо бераҳмии шадид ба ӯ то 25 соли зиндон ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.