1 млрд доллар зиёдтар. Ҳукумати Тоҷикистон арзиши нави умумии неругоҳи “Роғун”-ро эълон кард

Арзиши умумии лоиҳаи корҳои лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” 6 млрд долларро ташкил медиҳад, гуфта мешавад дар матни Созишномаи қарзӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии рушд оид ба маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур. Дар санади дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашршуда зикр мегардад, ки анҷоми пурраи амалисозии лоиҳа охири соли 2031 ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши умумии лоиҳаи корҳои лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” 6 млрд долларро ташкил медиҳад, гуфта мешавад дар матни Созишномаи қарзӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии рушд оид ба маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур.

Дар санади дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашршуда зикр мегардад, ки анҷоми пурраи амалисозии лоиҳа охири соли 2031 ба итмом мерасад.

Ёдрас мекунем, ки созишнома 4 декабри соли равон дар Душанбе ба имзо расида, дар он ҷудо кардани қарз ба маблағи 375 млн риёли саудӣ (100 млн доллар) барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” пешбинӣ шудааст.

Ин маблағ бо меъёри имтиёзноки фоизӣ (1,5%-и солона) дода шуда, муҳлати баргардонидани қарз 30 сол бо 8 соли давраи имтиёзнок дода мешавад. Яъне ҷараёни пардохти қарз аз соли 2031 оғоз гардида, то охири соли 2051 давом мекунад.

Дар он инчунин дар бораи таваҷуҳи дигар шарикони рушд оид ба маблағгузорӣ ба лоиҳа сухан меравад. Аз ҷумлаи чунин шарикон Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ (Чин), Бонки исломии рушд, Фонди рушди Абу Даби, Фонди Кувейтии рушд ва дигарон номбар шудаанд.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки Бонки аврупоии таҷдиду рушд ният дорад, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 130 млн доллар ҷудо кунад.

Маросими ба истифода додани агрегатҳои аввали неругоҳро тамошо кунед

Соли 2008, замоне, ки корҳо дар иншооти неругоҳи “Роғун” барқарор шуданд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ меушд. Баъдан соли 2016 зикр шуд, ки арзиши он 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад. Нимаи соли 2022 Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ дар бораи зарурати ҷалби 5 млрд доллар барои анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа хабар дод.

Айни замон идомаи амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ таъмин мешавад: аз оғози соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони он зиёда аз 3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 2,6 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 427 млн сомонӣ аз ҳисоби фурӯши барқи дар ду агрегати ин неругоҳ истеҳсолшуда равона гардидааст.

Тибқи маълумоти ҳукумати ҷумҳурӣ, аз оғози корҳои барқароркунӣ ва идомаи сохтмон ( аз соли 2008) аз буҷети кишвар ба бунёди неругоҳи “Роғун” зиёда аз 35 млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Маълумотнома

НБО Роғун аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст