“Барои таъмини хонавода бояд мард ва зан кӯшиш кунанд”, – Сабоҳат Раҳимзода

Date:

Донишомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва таъмини устувории молиявӣ пеш аз оиладоршавӣ барои ҷавонони кишвар манфиатовар аст.

Чӣ гуна сатҳи даромаднокиро афзуда, устувории молиявии оиларо метавон таъмин кард, то фишору зӯроварии иқтисодӣ миёни аҳли хонавода кам шавад? Иштироку саҳмгузорӣ дар ғанисозии буҷаи оила ва назорати даромаду хароҷот бояд чӣ хел бошад?

Баъзан волидони коргар, сарфи назар аз соҳаи фаъолияташон, тавозуни кору зиндагиро гум мекунанд, ки ин ба муносибатҳои оилавӣ, саломатии онҳо, тарбияи фарзандон таъсири ногувор мерасонад. Чӣ бояд кард, ки тавозуни кору ҳаёти оилавӣ баробар бошад, то одамон ҳам ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванду ҳам барои оилаашон вақт ҷудо карда тавонанд?

Бархе нафарон муҳоҷирати меҳнатиро як амали кӯтоҳмуддат мефаҳманд, вале бисёр мардону занон чандин сол дар кишварҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Агар муҳоҷирати корӣ беш аз як сол бошад, оё беҳтар намешуд, ки аҳли оиларо бо худ баранд, зеро ҷудоӣ мушкилоти хонаводагиро эҷод мекунад (аз қабили душвории тарбияи фарзандон, сарбории масъулияти барзиёди зан ё мард, ҷудошавӣ, дарёфти ҳамсари нав)?

Занон ва духтарон дар муҳоҷирати корӣ дучори кадом мушкилот мешаванд?

Суханронии пурэҳсос ва таъсирбахши Сабоҳат Раҳимзода, раиси Асcотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” дар посух ба суолгузории Субҳон Ҷалилов пешкаши бинандагон мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Видеоподкасти “Оила – макони меҳрубонӣ” бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нури рӯшноӣ” таҳия шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...