“Барои таъмини хонавода бояд мард ва зан кӯшиш кунанд”, – Сабоҳат Раҳимзода

Донишомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва таъмини устувории молиявӣ пеш аз оиладоршавӣ барои ҷавонони кишвар манфиатовар аст. Чӣ гуна сатҳи даромаднокиро афзуда, устувории молиявии оиларо метавон таъмин кард, то фишору зӯроварии иқтисодӣ миёни аҳли хонавода кам шавад? Иштироку саҳмгузорӣ дар ғанисозии буҷаи оила ва назорати даромаду хароҷот бояд чӣ хел бошад? Баъзан волидони коргар, сарфи назар аз соҳаи […]

Донишомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва таъмини устувории молиявӣ пеш аз оиладоршавӣ барои ҷавонони кишвар манфиатовар аст.

Чӣ гуна сатҳи даромаднокиро афзуда, устувории молиявии оиларо метавон таъмин кард, то фишору зӯроварии иқтисодӣ миёни аҳли хонавода кам шавад? Иштироку саҳмгузорӣ дар ғанисозии буҷаи оила ва назорати даромаду хароҷот бояд чӣ хел бошад?

Баъзан волидони коргар, сарфи назар аз соҳаи фаъолияташон, тавозуни кору зиндагиро гум мекунанд, ки ин ба муносибатҳои оилавӣ, саломатии онҳо, тарбияи фарзандон таъсири ногувор мерасонад. Чӣ бояд кард, ки тавозуни кору ҳаёти оилавӣ баробар бошад, то одамон ҳам ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванду ҳам барои оилаашон вақт ҷудо карда тавонанд?

Бархе нафарон муҳоҷирати меҳнатиро як амали кӯтоҳмуддат мефаҳманд, вале бисёр мардону занон чандин сол дар кишварҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Агар муҳоҷирати корӣ беш аз як сол бошад, оё беҳтар намешуд, ки аҳли оиларо бо худ баранд, зеро ҷудоӣ мушкилоти хонаводагиро эҷод мекунад (аз қабили душвории тарбияи фарзандон, сарбории масъулияти барзиёди зан ё мард, ҷудошавӣ, дарёфти ҳамсари нав)?

Занон ва духтарон дар муҳоҷирати корӣ дучори кадом мушкилот мешаванд?

Суханронии пурэҳсос ва таъсирбахши Сабоҳат Раҳимзода, раиси Асcотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” дар посух ба суолгузории Субҳон Ҷалилов пешкаши бинандагон мешавад.

Видеоподкасти “Оила – макони меҳрубонӣ” бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нури рӯшноӣ” таҳия шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.