Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2024 аз 30 то 40 дарсад зиёд мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2024 аз 30 то 40 дарсад боло меравад. Президент афзуд: – аз 1-уми январи соли 2024 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 40 дарсад; – аз 1-уми июли соли 2024 […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2024 аз 30 то 40 дарсад боло меравад.

Президент афзуд:

– аз 1-уми январи соли 2024 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 40 дарсад;

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва умуман кормандони соҳаи буҷавӣ ва стипендияҳо низ 40 дарсад зиёд карда мешавад.

– аз 1-уми июли 2024  нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва давлатӣ 30 дарсад зиёд карда мешавад.

Президент, ҳамчунин гуфт, аз 1 июли соли 2024 маоши ҳадди ақал дар соли 2024 ба 800 сомонӣ бардошта мешавад. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 дарсад ва аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳо низ 20 дарсад зиёда шуда буд.

Ҳамчунин, аз 1-уми июли 2023 нафақаи заминавӣ ба андозаи 20 дарсад ва ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, на кам аз 16 дарсад зиёд шуда буд. Дигар нафақаҳо низ 20 дарсад зиёд карда гардида буд.

Дар бораи баланд кардани маошу нафақа ва стипендия Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2022 дастур дода буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.