Аз интиқоли ҷасади муҳоҷирон то паёмади шаҳрвандии хориҷӣ. Чанд нукоти муҳими паёми Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон ба масъалаи вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар, махсусан муҳоҷирати занони тоҷик нигаронӣ кард ва гуфт, “ҳамасола садҳо нафар аз ҳисоби муҳоҷирон ҷасад меорем”. Ӯ гуфт, онҳо нафароне ҳастанд, ки барои ёфтани ризқу рӯзии фарзандонашон мераванд, чунки мо роҳбарон аз боло то поён “фақат фикри нафси бади […]

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон ба масъалаи вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар, махсусан муҳоҷирати занони тоҷик нигаронӣ кард ва гуфт, “ҳамасола садҳо нафар аз ҳисоби муҳоҷирон ҷасад меорем”.

Ӯ гуфт, онҳо нафароне ҳастанд, ки барои ёфтани ризқу рӯзии фарзандонашон мераванд, чунки мо роҳбарон аз боло то поён “фақат фикри нафси бади худро дорем”.

Раисиҷумҳур аз омори мушаххаси муҳоҷирони корӣ ном набурд ва танҳо гуфт, “онҳо ҳазорҳо ҳазор нафаранд”.

Вай ҳамчунин, бе ишора ба ягон қазияи мушаххаси муҳоҷирон гуфт, ки “шароити муҳоҷиронро хуб медонам”.

Дар Русия қариб 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири корӣ қарор доранд ва онҳо пайваста аз сӯи пулиси рус мавриди азияту озор қарор мегиранд.

Аз ҷумла, давоми соли равон фишори мақомоти Русия болои муҳоиҷрони кории тоҷик зиёд шуд ва садҳо нафарро дар кӯчаву бозор ва масҷидҳо боздошту латукӯб карданд.

Ниҳоди нав барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ бо ишора ба ворид шудани ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО супориш дод, ки дар оянда сохтори нав – Агентии ҳифзи меросҳои фарҳангӣ ва таърихии назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Ӯ гуфт, соли 2023 15 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Вазъи Украинаву Фаластин

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таҳаввулот дар дунё гуфт, “касе гуфта наметавонад, ки ба ғайр аз Фаластину Украина боз дар куҷо чунин бадбахтӣ мешавад. Дар ҷаҳон бисёр тағйиротҳо рафта истодаанд, ки ҳеҷ сиёсатмадор ва донишманд пешгӯӣ карда наметавонад: Пагоҳ ё пагоҳи дигар моро чӣ интизор аст?”

“Фақат як коғаз надиҳем, ақл ва дониш диҳем”

Президент бо ишора ба вазъи илми тоҷик гуфт, ки илми тоҷик инкишоф ёфтанаш даркор аст. Ӯ ишора ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки чӣ қадар маблағе, ки бошад ба соҳаи илм равона мекунем, дареғ намедорем, вале олимони ҷавонро тарбия кунед, ихтироъкор бошанд.

“Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ гуфт, ҳоло 73 ҳазор хонанда ҷои нишаст надорад ва ин ҳар сол зиёд шуда истодааст. Яъне, мо дар як сол тақрибан беш аз 400 мактаби нав бунёд карданамон даркор аст.

Ақаллан 50% доруро истеҳсол кунед!

Эмомалӣ Раҳмон аз истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда барои истеҳсоли доруворӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ иброз намуд, ки “90% доруворӣ ба кишвар аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ақалан 50% худамон истеҳсол намоем”.

Роҳбари давлат аз он нигаронӣ кард, ки гиёҳҳои шифобахши кишвар ба хориҷ содир ва пас аз истеҳсоли доруворӣ ба худамон фурӯхта мешавад.

Роҳбари давлат ба ҳукумати мамлакат аз ҷумла, вазорати маориф, тандурустӣ, иқтисод ва савдо, академияи миллии илмҳо супориш дод, ки ба соҳаи илм ва навоварӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва дар омода намудани олимони навовар ҷиддӣ машғул шаванд.

Шаҳрвандии давлати хориҷӣ

Нуктаи дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ таваҷҷуҳ кард, ин пазируфтани шаҳрвандии давлати дигар аз ҷониби тоҷикон буд.

“Садҳо нафар шаҳрвандони мо шаҳрвандии хориҷиро қабул карда истодаанд. Мо бояд чуқур андеша кунем. Ояндаро ҳам бояд фикр кунем. Ҳам чиҳати манфӣ ва мусбат дорад. Ин махфӣ нест”, – гуфт президент.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2022 теъдоди рекордии тоҷикистониён – 173 ҳазору 634 нафар шаҳрванди Русия шудаанд. Ва ин нишондиҳандаи дуюм баъди шаҳрвандони Украина будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.