Дар Тоҷикистон барои 73 ҳазор хонанда ҷой намерасад

Президенти ҷумҳурӣ имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки имсол 103 ҳазор хонанда мактабҳоро хатм намуда, 262 ҳазор кӯдакон по ба остонаи мактаб гузоштанд. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки соли равон 48 ҳазор муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Лекин сарфи назар ҳамасола дар кишвар сохта шудани муассисаҳои таълимии нав, ҳоло ҳам ба […]

Президенти ҷумҳурӣ имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки имсол 103 ҳазор хонанда мактабҳоро хатм намуда, 262 ҳазор кӯдакон по ба остонаи мактаб гузоштанд. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки соли равон 48 ҳазор муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Лекин сарфи назар ҳамасола дар кишвар сохта шудани муассисаҳои таълимии нав, ҳоло ҳам ба 73 ҳазор кӯдакон ҷой намерасад.

“Мо бояд дар бораи кӯдакони худамон, маълумот гирифтани онҳо фикр карда, барои таълими хушсифат гирифтани онҳо шароит фароҳам орем”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат илова намуд, ки “мо бояд дар бораи онҳо фикр кунем, зеро вақте ки миллат бесавод мемонад, ин бадбахтӣ меорад”.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон волидон бисёр шикоят мекунанд, ки фарзандонашон дар синфҳо бо шумори беҳад зиёди хонадагон таҳсил мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ин ба сифати таҳсил таъсири манфӣ мерасонад.

Дар пойтахти Тоҷикистон солҳои ахир камбуди шадиди ҷойҳои нишаст баро хонандагон дар мактабҳои давлатӣ эҳсос мешавад. Дар як синф то 40-50 нафар таҳсил карда, сари як миз сенафарӣ мешинанд. Дар баъзе мактабҳо таҳсил дар се баст ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.