Зиёрати маконҳои муқаддаси динӣ дар аксари адёни ҷаҳон талқин мешавад. Инсон барои оромиши рӯҳи худ мувофиқи таълимоти дине, ки пайравӣ дорад, ҷойҳои муқаддасро зиёрат мекунад. Масалан, дар дини ислом маросимӣ ҳаҷ ҳаст, ки ҳар сол миллионҳо нафарро барои зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ мебарад ва дар сатҳи давлат танзим мешавад.
Саидаҳмад Қаландаров, олим ва диншиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳадаф аз зиёрати маконҳои муқаддас пойдор мондани одамият ва ободии рӯҳ дар дунёву охират аст.
Дар ислом маросими ҳаҷ ҳаст, яъне зиёрат аз Каъба ва Масҷид-ул-ҳаром. Он аз нияту пӯшидани иҳром сар шуда, тавофи Каъба, рафтуомад байни кӯҳҳои Сафо ва Марва, хаймагоҳи Мино, таваққуф дар Арафот, шабгузаронӣ дар Муздалифа, партоби санг бар тамсили Шайтон дар Ҷамароти Акаба, қурбонӣ кардан ва тавофи видоъ фаро мегирад.
Аммо таъкид бояд кард, ки ҳаҷ барои мусулмононе фарз аст, ки имконият дорад.
“Ҳаҷ ва зиёрати маконҳои муқаддас танҳо хоси дини ислом набуда, дар ҳама динҳо ва боварҳои муътабари дунё вуҷуд дорад. Дар китобҳои муқаддаси яҳудият ва насроният ҳам зиёрати маконҳои муқаддас зикр шудааст”, – мегӯяд Саидаҳмад Қаландаров.
Яҳудиён
Ба қавли ӯ, дар китоби муқаддаси Таврот ин амр таъкид шудааст. Амри зиёрати муъминони яҳудӣ то аҳди подшоҳии Сулаймон писари Довуд, оли Яъқуб бар хаймагоҳи Скиний буд, ки баъдан дар ҳамон ҷой ва дар ҳамон масоҳат маъбади Сулаймон бунёд гардид.
То тасаллути мусалмонон бар Фаластин ва Байтулмуқаддас дар аҳди хилофати Умар ибни Хаттоб, дар соли 638, ки дар ҷои он маъбади Сулаймон масҷиди Ақсо бунёд шуд, ибодатгоҳ ва макони дуову истиғфори яҳудиён Девори ҳасрат ва надомат муқаррар шуд ва то имрӯз идома дорад.
Насронӣ
Ба андешаи ин диншиноси тоҷик, зиёрати макони муқаддаси динӣ дар Инҷил (китоби муқаддаси насрониҳо) низ зикр шудааст. Таъкид мешавад, ки Марями муқаддас бо писари 12 солааш Исои Масеҳ ва шавҳараш Юсуф (Иосиф) ҳамасола Байтулмуқаддасро зиёрат мекардаанд. Ин нукта дар ҳама мазоҳиби ин дин – провославҳо, католикҳо, протестантҳо, лютеранҳо ва англиканҳо ишора шудааст.
Ба рӯйхати маконҳои муқаддаси насрониён баъдтар макони таваллуди ҳазрати Исо, ҷои меъроҷи ӯ ба осмон, рудхонаи Урдун, ки ӯро Яҳёи паёмбар ғусли тамҷид дода буд, илова шуд. Ин маконҳои барои насрониён муқаддас, ҷойи тавба ва истиғфори гуноҳҳон аст.
Бахтиёр Раҳматуллаев, роҳбари калисои “Евангелистии христианҳо”-и Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи таълимоти китоби Инҷил зиёрати маконҳои муқаддас зарур аст.
“Вале бояд гуфт, ки парастиши Худо ва шинохти аслии хеш ин аввалан дар қалби инсон бояд бошад. Қабл аз он, ки зиёрати маконҳои муқаддасро ба ҷо меорем, моро зарур аст, ки рӯҳу қалби худро комилан тозаву пок созем. Кӯмак ба дармондагону муҳтоҷон, меҳрубонӣ ба ятимон, ғизо додан ба нафари гурусна, пӯшонидани як шахси бараҳна мисли инҳо, амалҳои савоб баробари зиёрати муқаддас ва шояд болотар аз он бошад”, – гуфт Бахтиёр Раҳматуллаев.
Буддоиҳо
Барои буддоиёни ламаистӣ зиёрати оромгоҳ ва тахти Далай Лама дар пойтахти Тибет, шаҳри Лхаса ҳатмӣ буда, машаққатҳои зиёде низ дорад. Макони зиёрати мӯътақидони боварҳои ҳиндувонӣ, соҳилҳои рӯдхонаҳои Ганг ва Чамна ва шаҳри Банорас (Варанаси), воқеъ дар Ҳиндустон мебошад.
Баҳоӣ
Фирӯза Шамсиева, пайрави дини Баҳоӣ мегӯяд, мувофиқи таълимоти ин дин зиёрати маконҳои муқаддас хеле мавзӯи муқаддас ва муҳим аст.
“Барои тамоми баҳоиёни олам муқаддастарин маконҳо дар рӯи замин байти муқаддаси ҳазрати Баҳоуллоҳ ва ҳазрати Боб дар Теҳрон ва Шерози Эрон ва дар Бағдоди Ироқ аст, ки макони изҳори амри онҳо аст. Ҳамчунин, оромгоҳи онҳо дар шаҳрҳои Ҳайфо ва Акко мебошанд, ки дар замони ҳаёти ҳазрати Баҳоуллоҳ ҷузъе аз қаламрави давлати Усмонӣ буд”, – мегӯяд Фирӯза Шамсиева.
Ба қавли ӯ, зиёраткунандагон аз тамоми гӯшаву канори дунё барои зиёрати оромгоҳи ҳазрати Баҳоуллоҳ ва ҳазрати Боб меоянд, то эҳтиром гузоранд. Давраи зиёрат 9 рӯз буда, дар тӯли он зоирин дар ҳолати тафаккур ва дуову муноҷот маконҳои муқаддаси марбут ба ҳаёти асосгузори динро зиёрат мекунанд ва ба онҳо аз рӯйдодҳою воқеаҳои таърихии ҳаёти пурмашаққати ҳазрати Баҳоуллоҳ ва аҳли байти ӯ ривоят карда мешавад.
“Зиёрати маконҳои муқаддас барои ҳамаи баҳоиёни мард фарз буда, барои занон имконияти интихоб дода мешавад. Ҳамаи зоирин худ харҷи зиёратро пардохт мекунанд, онҳое, ки имконияти молӣ надоранд аз зиёрат озоданд. Пас аз зиёрат онҳое, ки ин фарзияро анҷом доданд, ҳеҷ мақоми болотаре аз дигар пайравон надоранд, балки бояд бештар фурӯтанӣ, азхудгузаштагӣ ва фидокорӣ дар хидмати мардуми кишварашон нишон диҳанд”, – таъкид мекунад Фирӯза Шамсиева.
Ба андешаи аксари ҳамсуҳбатони мо, асоси ҳамаи зиёратҳо дар тамоми динҳо ин танҳо як маъниро дорад: Устувории муҳаббат ба офаридгор, обод сохтани дунёву охират ва рафоқати тамоми башарият.
Саидаҳмад Қаландаров ба он бовар аст, ки ҳадафи тамоми зиёратҳо дар як нукта иктифо мекунад.
“Мақсади ниҳоӣ худшиносиву худошиносӣ, пок кардани рӯҳу ҷисм аз ҳама васвасаҳои шайтонӣ ба монанди ҳасад, кинаву бухл, фиребу дурӯғ, зулм, қатли якдигар, зино ва ғайра. Дигар ин, ки тақвият додани муҳаббат байни тамоми башарият бидуни ихтилофи мазҳабӣ, ақида, миллат, қавмӣ, нажодӣ марзи ва тараҳҳум ба қишри нодори ҷамъияти башарӣ аст. Ҳамчунин, риояи адолат дар ҷомеъа, саҳм гузоштан дар ободию ободонии табиат ва дигар амалҳои нек аст”, – мегӯяд Саидаҳмад Қаландаров.


