Зиёда аз 340 хонаводаи Тоҷикистон дар қитъаҳои хатарноки экзогенӣ қарор доранд

Геологҳои Тоҷикистон дар бораи кӯчонидани 343 оила аз қитъаҳои нисбатан хатарнок ба минтақаҳои бехавф хулоса пешниҳод кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода хабар дод. Ӯ зикр кард, ки бар асоси дархостҳо дар зиёда аз 170 қитъа дар саросари ҷумҳурӣ мониторинг ва таҳҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шуда, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Геологҳои Тоҷикистон дар бораи кӯчонидани 343 оила аз қитъаҳои нисбатан хатарнок ба минтақаҳои бехавф хулоса пешниҳод кардаанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки бар асоси дархостҳо дар зиёда аз 170 қитъа дар саросари ҷумҳурӣ мониторинг ва таҳҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо Саридораи геология дар бораи кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои бехавф ба хулосаи мусбат расид.

Чунин қитъаҳо бештар дар ноҳияҳои Нуробод – 72, шаҳри Ваҳдат – 61, Тоҷикобод – 49 ва Лахш – 38 ҷойгир буда, дар ноҳияҳои гуногун дар ҳамаи минтақаҳои кишвар аз 1 то 30-то чунин қитъаҳо мавҷуданд.

“Мувофиқи нақшаи лоиҳаи “Мониторинги давлатии равандҳои экзогении геологӣ” тавсияҳои дахлдор дода шуданд”, – гуфт Оймуҳаммадзода.

Ғайр аз ин, ба иттилои ӯ, бо супориши президент Атласи равандҳои экзогенӣ ва геологӣ тартиб дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин атлас барои ҳар як ноҳия бо истифода аз натиҷаҳои гирифтаи муҳандисиву геологӣ, ки ба таъсири омилҳои хатарноки табиӣ осебпазиранд, таҳия карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.