Сифати сохтмони биноҳо дар Тоҷикистон дар озмоишгоҳ санҷида мешавад

Барои таъмини ба зилзила тобовар будани бино, санҷиши сутуну поя ва таҳкурсии биноҳо, сифати кор ва дигар қоидаҳои сохтмон озмоишгоҳи махсуси санҷишӣ бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Русия таъсис дода шудааст. Дар ин бора варақаи матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар дода мешавад. Дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе рӯзи 26 декабри соли гузашта аз ҷониби пудратчии […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Барои таъмини ба зилзила тобовар будани бино, санҷиши сутуну поя ва таҳкурсии биноҳо, сифати кор ва дигар қоидаҳои сохтмон озмоишгоҳи махсуси санҷишӣ бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Русия таъсис дода шудааст. Дар ин бора варақаи матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар дода мешавад.

Дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе рӯзи 26 декабри соли гузашта аз ҷониби пудратчии ҶДММ «Сохтмони Осиёи Марказӣ» бори аввал сутуну поя ва таҳкурсии бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ санҷида шуд.

Мақсади асосии ин санҷишҳо муайян кардани қобилияти борбардории сутуну пояҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаҳои ҳисобҳои сохторӣ муқоиса карда мешаванд.

Илова бар ин, тавре ки маълум аст, корҳои сохтмон ва лоиҳакашӣ аз ҷониби ҳукумат ташхис карда мешаванд.

Ба ин тариқ, соли 2023 ба Раёсати ташхиси давлатӣ 701 лоиҳа пешниҳод шудааст. Аз ин миқдор 585 лоиҳа хулосаи мусбат ва 14 лоиҳа хулосаи манфӣ гирифта, 11 лоиҳа бекор карда шудаанд ва инчунин 2 лоиҳа мутаваққиф шуданд.

Соли 2023 барои дастрас намудани иҷозатномаи корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон 454 дархост ворид шудааст.Аз ин миқдор 359 дархост қонеъ ва ба онҳо иҷозатнома дода шуда, 59 дархост рад карда шудааст.

Дар бораи Нақшаҳои генералӣ

Яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таъмини шаҳру навоҳӣ бо нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои тарҳрезии ҷузъӣ мебошад.

Дар варақаи матбуотӣ зикр мешавад, ки аз ҷониби ҶСК “Шаҳровар” барои маркази ноҳияҳои Ишкошим, Балҷувон, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг, Ҷайҳун, Роштқалъа, Варзоб, Исфара, Муъминобод, Ёвон, шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Левакант ва қисмати марказии шаҳри Хоруғ лоиҳаҳои тарҳрезии ҷузъӣ таҳия карда шудааст.

Айни замон таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳрири нав, лоиҳаҳои тарҳрезии ҷузъии маркази шаҳру навоҳии Турсунзода, Панҷакент, ноҳияҳои Варзоб, Ҷомӣ, Сангвор, Хуросон ва Рӯшон идома дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, лоиҳаҳои тарҳрезии ҷузъии қисматҳои ҷудогонаи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ваҳдат, Исфара, Бӯстон ва нақшаи генералии нав (тасҳеҳ)-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ мавриди таҳия қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.