Боздиди вазири корҳои хориҷии Қирғизистон аз неругоҳи “Роғун”

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Кулубаев Жеенбек бо ҳайати ҳамроҳон ва ҳамтоёни Тоҷикистонии рӯзи 5 феврал дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боздид карданд. Тавре ки дар саҳифаи Фейсбуки неругоҳ хабар дода мешавад, меҳмононро мутахассисони ҶСК Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии […]

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Кулубаев Жеенбек бо ҳайати ҳамроҳон ва ҳамтоёни Тоҷикистонии рӯзи 5 феврал дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боздид карданд.

Тавре ки дар саҳифаи Фейсбуки неругоҳ хабар дода мешавад, меҳмононро мутахассисони ҶСК Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии Нерӯгоҳ аз наздик шинос карданд.

Гуфта мешавад, дидор аз иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4), Сарбанди бунёдшавандаи хокию сангии баландтарини дунё бо иртиқои 335 метр, обқабулкунакҳои асосии нерӯгоҳ дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар иншооту нақбҳои нақлиётию дастрасӣ, ки ҳама зери заминиянд, барои ҳайати дипломатҳо  мароқангез ва қобили таваҷҷуҳ буд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

НБО «Роғун» аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.