Дар Шаҳритус бо айби падари маст наврас дар садамаи нақлиёт ҳалок шуд

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бар асари дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашина як наврас ҳалок шуд. Тавре ки Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, Шуҳрат Холматови 42-сола, сокини деҳаи Амвоҷи ҳамин ноҳия автомашинаи Opel Astra-и падарашро бидуни доштани шаҳодатномаи ронандагӣ идора мекардааст. “Ҳамчунин ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар натиҷа аз уҳдаи […]

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бар асари дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашина як наврас ҳалок шуд.

Тавре ки Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, Шуҳрат Холматови 42-сола, сокини деҳаи Амвоҷи ҳамин ноҳия автомашинаи Opel Astra-и падарашро бидуни доштани шаҳодатномаи ронандагӣ идора мекардааст.

“Ҳамчунин ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар натиҷа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд ва автомашина чаппа мешавад. Бар асари он писари 16-солааш, хонандаи синфи 9-ум, ки дар дохили автомашина қарор дошт, ҳалок мешавад”, – иттилоъ медиҳад Раёсат.

Худи Шуҳрат Холматов аз садамаи нақлиёт осеб надида, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар қисми дуюми моддаи мазкур барои кирдоре, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст, аз 3 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.