Болоравии нафақаи соли гузашта аз ҳозира чӣ фарқ дорад?

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон фарқияти байни болоравии нафақаи соли гузашта ва 30%-и имсоларо шарҳ доданд. Имрӯз, 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини директори Агентӣ Аламхон Наимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки агар соли гузашта нафақаи заминавӣ (асосӣ), ки ба 250 сомонӣ баробар аст, 20% афзуда бошад, пас имсол тамоми […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон фарқияти байни болоравии нафақаи соли гузашта ва 30%-и имсоларо шарҳ доданд.

Имрӯз, 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини директори Агентӣ Аламхон Наимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки агар соли гузашта нафақаи заминавӣ (асосӣ), ки ба 250 сомонӣ баробар аст, 20% афзуда бошад, пас имсол тамоми нафақа зиёд мешавад.

Масалан, агар нафақахӯр 500 сомонӣ гирад, пас ба ин маблағ 30 фоиз, яъне 150 сомонӣ изофа мешавад.

Нафақаи миёна соли 2023 дар Тоҷикистон зиёда аз 375 сомониро ташкил дод, ки 14,5% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Ба иттилои Агентӣ, то 1 январи соли 2024 ҳаҷми миёнаи нафақаҳо маблағи зеринро ташкил дод:

– нафақаи меҳнатӣ – 447,7 сомонӣ

– нафақаи суғуртавӣ – 364,8 сомонӣ

– нафақаи иҷтимоӣ – 271,41 сомонӣ.

То 1 январи соли 2024 теъдоди умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 796 ҳазору 089 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазору 756 нафар ё худ 4,3% зиёдтар аст.

Наимӣ хабар дод, ки дар соли 2023 теъдоди умумии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоӣ тибқи маълумоти пешакӣ, ба 223 ҳазору 350 нафар расидааст, ки 8,3% ё худ 17 ҳазору 249 нафар зиёдтар мебошад.

Муовини директор ҳамчунин зикр кард, ки ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 4 млрд 086 млн сомонӣ (зиёда аз 372,8 млн доллар) маблағ ворид шудааст, ки 550,6 млн сомонӣ (47,3 млн доллар) ё худ 14,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ба гуфтаи Аламхон Наимӣ, дар соли 2024 барои аз 1 июл зиёд кардани ҳаҷми нафақаҳои амалкунандаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин изофапулиҳо ба андозаи 30% аз ҳаҷми муқараррагрдида як қатор тадбирҳо дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.