Дар Душанбе мусобиқаи бокси “Шаби чемпионҳои IBA” баргузор мешавад

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии Душанбе рӯзи 16 феврал мусобиқаи бокси «Ночь чемпионов IBA» (Шаби чемпионҳои IBA) баргузор мешавад. Дар ин бора дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд. Мусобиқа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мегардад. “Ин як мусобиқаи пуршукӯҳе хоҳад буд, ки беҳтарин муштзанҳо барои исботи истеъдоди худ ба майдон мебароянд”, – […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии Душанбе рӯзи 16 феврал мусобиқаи бокси «Ночь чемпионов IBA» (Шаби чемпионҳои IBA) баргузор мешавад. Дар ин бора дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд. Мусобиқа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мегардад.

“Ин як мусобиқаи пуршукӯҳе хоҳад буд, ки беҳтарин муштзанҳо барои исботи истеъдоди худ ба майдон мебароянд”, – зикр карданд дар Федератсия.

Дар рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарабутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон дӯстдорони бокс шоҳиди он хоҳанд гашт, ки кӣ соҳиби камарбанди IBA дар вазни то 86 кг мешавад.

Атаев қаҳрамони дукаратаи Русия ва Домингес дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2020 мебошад.

Шаби чемпионҳои IBA аз силсилаи мусобиқаҳо иборат аст, ки аз соли 2022 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) доир мегардад.

Бино ба маълумоти Федератсияи бокси Русия, ғолиби мусобиқа 350 ҳазор доллар ва мағлубшуда – 150 ҳазор доллар мукофотпулӣ мегиранд.

Дар доираи и шоуи бокс муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунес барои дарёфти унвони қаҳрамон аз рӯи версияи IBF рақобат мекунад. Раҳимов дар рақобати 12-раунда дар вазни 58,9 кг қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ғайр аз ин, тамошобинон метавонанд аз рақобати 8-раунда барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё байни муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов бо Лал Чу-Эн аз Тайван дар вазни 63,5 кг баҳра баранд.

Билетҳоро аз сомонаи Ticketon харидан мумкин аст. Нархи билетҳо аз 50 сомонӣ оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.