Хатлон: Беш аз 10 ҳазор га замин ба хориҷиҳо иҷора дода шудааст

Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон бештар аз 10 ҳазор га замин ба шаиркатҳои хориҷӣ барои кишти пахта ба иҷора дода шуда аст. Музафар Мирзозода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин заминҳо ба хотири ҷалби сармоягузорӣ ба ширкатҳои хориҷӣ ба муҳлати дароз иҷора дода шудааст. “Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон – Данғара, […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон бештар аз 10 ҳазор га замин ба шаиркатҳои хориҷӣ барои кишти пахта ба иҷора дода шуда аст.

Музафар Мирзозода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин заминҳо ба хотири ҷалби сармоягузорӣ ба ширкатҳои хориҷӣ ба муҳлати дароз иҷора дода шудааст.

“Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон – Данғара, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ёвон ва Кӯшониён заминҳои обӣ дар майдони 10 ҳазору 53 га барои кишти пахта ба ширкатҳои хориҷӣ ба иҷора дода шудааст. Ҳамчунин, ба як ширкати русӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки тасмим гирифтааст корхонаи коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ созад, 1 ҳазору 894 га замин ҷудо карда шудааст. Ин ширкат ширкати зертобеъи худро бо номи ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” дар нозироти андоз ба қайд гирифтааст”, – гуфт Музаффар Мирзозода.

Ӯ зикр кард, ки баъди сохтмону ба истифода додани корхонаи коркарди пахта, аз ҷумла ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” ҳазорҳо ҷойи кори нав барои мардуми маҳаллӣ муҳайё мешавад.

Бояд гуфт, ки аксари ин ширкатҳо муштарак буда, бо сармояи сармоягузорони чинӣ таъсис ёфтаанд. Бузургтарини ин онҳо “Ҷунтай Хатлон синсилу”, “Ҷунтай Данғара синсилу” ва “Водии зарин” мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.