Давлатманд Холов даргузашт

Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои номдори тоҷик шаби гузашта, 18-уми феврал, дар синни 74-солагӣ, аз олам даргузашт. Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ордени “Шараф” дараҷаи I, Ордени "Дӯстӣ" ва Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса буд. Ӯ 26-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи […]

Asia-Plus

Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои номдори тоҷик шаби гузашта, 18-уми феврал, дар синни 74-солагӣ, аз олам даргузашт.

Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ордени “Шараф” дараҷаи I, Ордени "Дӯстӣ" ва Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса буд.

Ӯ 26-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод, дар оилаи ҳунарманд тоҷик ба дунё омадааст.

Аз соли 2004 бо таъсиси ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст.

Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов имрӯз Масҷиди марказии Тоҷикистон (масҷиди назди Донишкадаи исломӣ, қариби чойхонаи "Роҳат") баргузор шуда, ба иттилои аз Вазорати фарҳанг дастрасгардида, ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.

Гурӯҳи расонаҳои "Asia-Plus" ба пайвандону наздикон ва ҳаводорони Давлатманд Холов ҳамдардии амиқ изҳор карда, барояшон сабру шикобоӣ мехоҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.