Тоҷикистону Қирғизистон боз 1,11 км гузариши хатти сарҳади давлатиро мувофиқа кардаанд

Дар пайи мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир гардид, боз 1,11 км хатти сарҳади давлатӣ мувофиқа карда шудааст. АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 11-18 феврали соли 2024 дар шаҳри Бустон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои […]

Дар пайи мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир гардид, боз 1,11 км хатти сарҳади давлатӣ мувофиқа карда шудааст.

АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 11-18 феврали соли 2024 дар шаҳри Бустон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

“Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимонда корҳои муштараки саҳроӣ гузаронида, дар натиҷа 1,11 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд”, – менависад ин расона.

Таъкид мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид ва мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ин дуюмин мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2024 аст. Мулоқоти пешин аз 10 то 15-уми январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд ва зимни он 38,35 км сарҳади давлатӣ мувофиқа шуд.

Дар умум, мақомоти расмии ду кишвар таъкид мекунанд, ки давоми бештар аз чор моҳи охир 196 км хати сарҳади давлатӣ муайяну мувофиқа шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.