Захмии ҳаводиси Хоруғ. Муовини нави вазири корҳои дохилӣ кист?

Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти мақомоти қудратии вилояти Хатлон ва супориши ӯ оид ба барканории чанде аз роҳбарони ин мақомот дар вилоят ва дастгоҳи марказӣ, генерал Саиднахш Раҳмонзодаи 62-сола аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуд. Сабаби аз ин вазифа рафтани ӯ, “ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд. Як ҳафта […]

Asia-Plus

Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти мақомоти қудратии вилояти Хатлон ва супориши ӯ оид ба барканории чанде аз роҳбарони ин мақомот дар вилоят ва дастгоҳи марказӣ, генерал Саиднахш Раҳмонзодаи 62-сола аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Сабаби аз ин вазифа рафтани ӯ, “ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд. Як ҳафта пас маълум шуд, ки ӯ сардори муассисаи нақлиётии ВКД таъин шудааст.

Ӯ камтар аз 4 сол дар мақоми муовини вазири корҳои дохилӣ кор кард ва аз ин пеш, наздики 12 сол сардори Раёсати сохтмони асосии ин ниҳод буд.

Ба ҷои Раҳмонзода, рӯзи 2-юми феврали соли равон Ғайратшо Муборакшозодаи 47-сола, ки то ин дам муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ буд, муовини вазир таъин шуд. Ӯ полковини милитсия буда, аз соли 1999 дар мақомоти корҳои дохилии кишвар кор мекунад.

Бояд гуфт, ки номи Ғайратшо Муборакшозода ҳамагӣ як маротиба моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози гурӯҳе аз сокинон дар шаҳри Хоруғ расонаӣ шуд. Он замон мақомот дар эъломияе гуфтанд, ки дар пайи “ҳамлаи яке аз норозиён ва таркиши норинҷак” Муборакшозода ва баъзе аз ҳамроҳонаш маҷруҳ шуданд.

Номбурда ба эҳтимоли зиёд зодаи ВМКБ аст ва ду маротиба Академияи ВКД Тоҷикистонро хатм кардааст. Бори аввал соли 1999 бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва бори дуввум 10 сол баъд, соли 2009  факултети №1 ин муассиса барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияташро дар сафи мақомот аз вазифаи муфаттиши шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар ВМКБ шурӯъ карда, то муовини сардори ин раёсат ва ҳамин тариқ, муовини вазир расид.

Ғайратшо Муборакшозода пеш аз фаъолияти дубора дар раёсати ВКД дар ШКД дар ноҳияи Хоруғ низ ҳамчун муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотӣ, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотӣ, сардори шуъбачаи тафтишотӣ кор кардааст.

Баъдан ҳамчун сардори шуъбаи тафтишотӣ ба Раёсати ВКД дар ВМКБ ба кор мегузарад. Дар ин миён ҳамчун сардори ШКД дар ноҳияи Шуғнон низ кор кардааст.

Ҳамин тариқ, дубора ба раёсат ба ҳайси муовини сардори оид ба самти оперативӣ бармегардад, ки билохира моҳи феврали соли равон муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мешавад.

Сомонаи ВКД менависад, ки ӯ “зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои ВКД мукофотонида шудааст”.

Муборакшозода медали “Ҷасорат” ва медали “Хизмати шоиста” низ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.