Медали нуқраи ҷудокори тоҷик дар Baku Grand Slam 2024

Дар мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи Бузург дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров ба дарёфти медили нуқра шарафёб гардид. Дар вазни то 73 кг ӯ то рақобати финалӣ бар варзишгарон Александр Раику (Руминия), Михеил Бахбахашвили (Гурҷистон), Карим Абдуллоев (АМА), Артур Маргелидон (Канада) ва Аюб Хоҷалиев (варзишгари инфиродии бетараф) дастболо шуд. Дар қувваозмоии финалӣ Абӯбакр аз […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи Бузург дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров ба дарёфти медили нуқра шарафёб гардид.

Дар вазни то 73 кг ӯ то рақобати финалӣ бар варзишгарон Александр Раику (Руминия), Михеил Бахбахашвили (Гурҷистон), Карим Абдуллоев (АМА), Артур Маргелидон (Канада) ва Аюб Хоҷалиев (варзишгари инфиродии бетараф) дастболо шуд.

Дар қувваозмоии финалӣ Абӯбакр аз ҷудокори мизбони мусобиқа – варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров (Гейдаров) шикаст хӯрд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Baku Grand Slam 2024 12 варзишгар намояндагӣ карданд: 8 нафар дар мусобиқа миёни мардон – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Абӯбакр Шеров (73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (73 кг), Умедҷон Раҷабов (90 кг), Сомонӣ Кишваров (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Шакар Мирмамадов (+100 кг) ва 4 нафар миёни занон – Шукрона Карчиева (48 кг), Аҳлия Муминова (52 кг), Фазилат Гулбоева (57 кг) ва Мавлуда Одинаева (63 кг).

Аз намояндагони Тоҷикистон Абӯбакр Шеров ягона варзишгарест, ки ба дарёфти ҷоиза даст ёфт.

Мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург оид ба ҷудо дар Боку аз 16 то 18 феврал баргузор шуд. Дар он 404 ҷудокор (226 нафар мардон ва 178 нафар занон) аз 62 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Ба ғайр аз мукофотпулӣ, варзишгарон ба касби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ, ки зимни тақсим квотаҳо барои иштирок дар Бозиҳои олимпиии 2024 дар Париж ба инобат гирифта мешаванд, соҳиб мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бо дарёфти медали тилло дар ин давр ҷудокор 1000 имтиёз ва 5 ҳазор евро мукофотпулӣ (1 ҳазораш ба мураббии варзишгар дода мешавад), нуқра – 700 имтиёз ва 3 ҳазор евро (600 евро – ба мураббӣ) ва биринҷӣ – 500 имтиёз ва 1500 евро (300 евро – ба мураббӣ) мегирад.

Ёдрас мекунем, ки дар муобиқаи Тоскулоҳи Бузурги Боку дар соли 2022 намояндагони Тоҷикистон 2 медал – Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар соли 2023 варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа аз медалҳо бенасиб монда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.