Баъди блогерон, Кумитаи андоз номи сарояндагони “андозгурез”-ро ҳам нашр кард

Date:

Кумитаи андози Тоҷикистон номи сарояндагони дар назди буҷет қарздорро нашр кардааст. Ҳоло қарзи андоз аз ҳисоби сарояндагон 502 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2024-ум 68 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Рӯйхати онҳоро дар рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукаш нашр кардааст.

Кумитаи андоз сабаби асосии қарздории сарояндагонро “паст будани маърифати андозсупорӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгузории андоз ба таври дахлдор ва пурра иҷро нашудани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби сарояндагон” маънидод кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, аксари сарояндагоне, ки дари назди буҷети давлат қарздоранд, “дар чорабиниҳои фарҳангиву сатҳи давлатӣ иштироки фаъол дошта, дар васфи Ватан ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ шеъру тарона мехонанд ва худро ватанхоҳу ватанпараст нишон медиҳанд”.

“Дӯст доштани меҳан ва хидмат ба он қарзи ҷонии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст ва ҳама дар рушду шукуфоии он бояд масъулу саҳмгузор бошанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳунармандон низ баробари ватанхоҳиву ватансароӣ бояд ба пардохти андозҳои муқарраршуда таваҷҷуҳ дошта бошанд”, – гуфтааст Кумитаи андоз.

Манбаъ нигаронӣ кардаст, ки рӯз аз рӯз, теъдоди ҳунармандон (сарояндагону навозандагон ва раққосон)-и аз андоз қарздор меафзояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Кумитаи андоз мегӯяд, “сарояндаҳо набояд бо боҳонаҳои фаъолият карданашон дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва ба таври доимӣ иштирок кардан дар чорабиниҳои давлатӣ” қонунгузории андозро поймол кунанд.

“Вақте чунин шахсон, ки худро мардуми бофарҳанг ҳисобида, дар сурудҳояшон аз дӯстдории Ватану ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти он сухан мекунанду вале аз пардохти андозҳо саркашӣ мекунанд, дигар аз мардуми одӣ чиро метавон интизор шуд? Ҳамон гунае, ки ҳама дар назди қонун баробаранд, пас дар пардохти андозҳо низ ҳама бояд баробар бошанд”, – хулоса кардааст мақомоти андози кишвар.

Назари худи ҳунармандон дар робита ба иддаои Кумитаи андоз ҳоло маълум нест. Ҳарчанд, аз ин пештар ҳам мақомоти андоз рӯихати овозхонҳои аз андоз қарздорро нашр карда буд ва худи онҳо онро рад карда гуфта буданд, ки андозҳоро пардохт мекунанд. 

Овозхонӣ дар Тоҷикистон як соҳаи сердаромад дониста мешавад ва вобаста ба меъёри маъруфияташон, санъаткорон пули хуб ҳам ба даст меоранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Кумитаи андоз пардохти андозро барои овозхонон ҳатмӣ кард. Ин ниҳод гуфтааст, онҳо бояд тибқи қарори ҳукумат худро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд ва аз даромади худ андоз супоранд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта қабл, Кумитаи андоз рӯйхати блогеронеро нашр кард, ки аз даромади худ андоз насупоридаанд ё худро дар ин ниҳод ба қайд нагирифтаанд. Ин блогерон кистанд ва чанд пул қарздоранд, дар матлаби зерин мутолиа кунед: “Аз Фаррухи “гург”-у Шоира то Ҷонону “golib_shov”. Кумитаи андоз рӯйхати блогерони “андозгурез”-ро нашр кард”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...