Толибон “иҷоранишин”-и Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро зиндонӣ карданд

Додгоҳи низомии Толибон* Муҳаммадотиф Доӣ, устоди яке аз донишгоҳҳои Кобулро барои пардохти пули барқ ​​ва зиндагӣ дар хонаи Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба як соли зиндон маҳкум кардааст. Ба иттилои манобеи рӯзномаи “8 субҳ” имрӯз, 29-уми феврал, Толибон ҳукми ин устоди донишгоҳро содир кардаанд. Аммо манобеъ иддао доранд, ки Толибон Муҳаммадотифро ба далели […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Додгоҳи низомии Толибон* Муҳаммадотиф Доӣ, устоди яке аз донишгоҳҳои Кобулро барои пардохти пули барқ ​​ва зиндагӣ дар хонаи Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба як соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба иттилои манобеи рӯзномаи “8 субҳ” имрӯз, 29-уми феврал, Толибон ҳукми ин устоди донишгоҳро содир кардаанд.

Аммо манобеъ иддао доранд, ки Толибон Муҳаммадотифро ба далели ин ки фаъоли расонаҳои иҷтимоӣ ва омӯзиши духтарон буд ва дар бархе маворид иқдомҳои занситезонаи ин гурӯҳро интиқод мекард, ба зиндон маҳкум кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Толибон Муҳаммадотифро аз вакили мудофеъ маҳрум кардаанд. Хонаводааш дар ду ҳафта танҳо як маротиба барои даҳ дақиқа ва он ҳам аз пушти панҷара бо мулоқот кардаанд.

 Муҳаммадотиф Доӣ дар маҳбаси Пуличархӣ нигоҳ дошта мешавад.

Муҳаммадотиф қаблан дар донишгоҳҳои хусусии шаҳри Кобул дарс мегуфт, аммо ахиран бо пешниҳоди иттифоқи тоҷирон ва сармоягузорони ин кишвар ӯро ба ҳайси мушовир дар Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон муаррифӣ карданд.

Ӯ зодаи минтақаи Пиёвашти вулусволии Раҳеҳи вилояти Панҷшер аст.

Талоши “Asia-Plus” барои шарҳи ин қазия аз ҷониби Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.