ДМТ барои ҳимояи рисолаи илмӣ аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ мукофот ваъда кард

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ваъда кардааст, ки барои кормандоне, ки дар соли 2024 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунанд, аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳад. Дар ин бора Талабшо Иҳромов, сухангӯи ДМТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯзи пеш бо пешниҳоди Эмомалӣ Насриддинзода, ректори ДМТ ва қабули Шӯрои олимони […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ваъда кардааст, ки барои кормандоне, ки дар соли 2024 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунанд, аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳад. Дар ин бора Талабшо Иҳромов, сухангӯи ДМТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯзи пеш бо пешниҳоди Эмомалӣ Насриддинзода, ректори ДМТ ва қабули Шӯрои олимони донишгоҳ ин ташаббус роҳандозӣ шуд.

“Акнун то охири сол барои устодони донишгоҳ, ки рисолаи номзадӣ дифоъ мекунанд, 20 ҳазор сомонӣ ва барои барои устодони донишгоҳ, ки рисолаи докторӣ дифоъ мекунанд, 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад”, – гуфт Иҳромов.

Сухангӯи ДМТ афзуд, маблағҳо дар охири соли 2024 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба устодон тақдим карда мешавад.

Тавре ӯ гуфт, ин ташаббус дар пайи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» роҳандозӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои афзоиши теъдоди устодони дорои дараҷаи илмӣ, пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ, барои номзади илм аз 3 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ ва барои доктори илм аз 10 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти оморӣ теъдоди унвондорони илмӣ дар Тоҷикистон беш 5 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.