Баррасии масоили кадрҳо, геология ва Барномаи давлатии рушди оила дар ҷаласаи ҳукумат

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон раииси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои ҳукумат роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд. Сипас ҳисоботи сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои […]

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон раииси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои ҳукумат роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Сипас ҳисоботи сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои 2018-2023 шунида шуд.

Ӯ хабар дод, ки Саридораи геология фаъолияти худро дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи ҶТ барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуда, дар асоси он омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро аз рӯи 56 лоиҳа дар иншооти корҳои минтақавӣ идома медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари иҷрои Барнома саридора дар давраи солҳои 2018-2023 корҳои шартномавиро низ аз рӯи зиёда аз 1200 лоиҳа ба маблағи 118,2 млн. сомонӣ иҷро намудааст.

Дар идомаи кори маҷлис як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи ҶТ “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи чарогоҳ” муҳокима ва, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карда шуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба «Барномаи давлатии рушди оила дар ҶТ барои солҳои 2024-2028», «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ барои солҳои 2024-2028» ва «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии ҶТ барои солҳои 2024-2028» баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад,  дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани мавсими зимистон, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, тозагии муҳити зист, сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо ва ҷоннок намудани тадбирҳои созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.