Барканорӣ ва таъини чанд директори пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо

Чанде аз директорони пажӯҳишгоҳ ё институтҳои илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. Фармони барканориву таъини онҳоро  дирӯз, 29-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард. Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки сабаби барканории бархеи онҳо расидан ба синни нафақа ва қисме гузаштан ба кори […]

Чанде аз директорони пажӯҳишгоҳ ё институтҳои илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. Фармони барканориву таъини онҳоро  дирӯз, 29-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард.

Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки сабаби барканории бархеи онҳо расидан ба синни нафақа ва қисме гузаштан ба кори дигар аст.

Аз ҷумла, бо сабаби ба нафақа баромадан Зарулло Раҳмонов, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ва Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи АМИТ аз вазифа озод шуданд.

Ба ҷои онҳо, Алишер Раҳимзода директори Институти математика ва Анвар Бӯризода директори Институти астрофизика таъин шуданд.

Файзалӣ Ҳакимов аз вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Ёрмаҳмад Ниёзӣ, аз вазифаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ озод шуданд.

Сабаби барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст. Онҳо ба кадом вазифа таъин шудаанд, ҳоло маълум нест.

Нозим Маҳмадизода директори нави Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Дилшод Қадамзода директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, Афзалшоҳ Зарифзода, директори Институти физикаву техникаи ба номи С. Умаров ва Рустам Ҳайдарзода, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо қарори дигари ҳукумати кишвар Илҳом Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озод шудааст. Кӣ ба ҷои ӯ ректор таъин шудаст, ҳоло маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.